Алишер Мирзонабот ба парлумон меравад

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар ин бора ҳукумати ВМКБ аз қавли раиси комиссияи интихоботӣ дар ҳавзаи рақами 1-и вилоят Умедҷон Носирзода хабар додааст.

Қаблан КМИР Тоҷикистон қарор карда буд, ки интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ноҳияҳои нобеи ҷумҳурӣ 26-уми август баргузор мешавад. Манбаъ таъкид кард, ки аъзои нав ба ивази аъзои қаблан хориҷшуда интихоб мегарданд. Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Инчунин дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуд.

Интизор меравад, Мирзонабот дар пайи интихобаш ба узвияти Маҷлиси миллӣ, ба эҳтимоли зиёд мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро низ хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *