Агар ба ҳоли камбағале механдем, аз ӯ нодортарем…

«Инсон нодор нест, агар боз ҳам тавони хандидан дорад».

Алфред ХИЧКОК

Коргардони машҳури кино — Хичкоки бритонӣ ҷони гапро гуфтааст, ҷаноби Хоҷаев. Ҳарчанд метавон ба нуқтаи назари ў садҳо андешаи ҳам мусбат ва манфиро низ зам намуд.

Воқеан, чаро ба нодоре бихандем, ки ў худ аз камбағалиаш ба даҳшат намеафтад ва шодмон аст? Агар механдем, пас, маълум мекунем, ки худ аз ў нодортарем. Ҳарчанд агар дороиямон аз ганҷи Қорун ҳам зиёд бошад! Пас, чӣ гуна нодорӣ? Нодории ирфонӣ. Шояд он нодор чизе дорад, ки мо надорем — ҷавонмардӣ, порсоӣ, хирадмандӣ, саховатмандӣ, қаноатпешагӣ… Боз даҳҳо хислати дигар, ки ҳама пойбанди ақл ҳастанд. Агар ақл корагар ва ҳидоятгар ба роҳи рушд аст, ҳама дарҳои пўшида ақаллан нимво ва дарҳои нимво кушода мешаванд. Яъне, нахуст бояд дуруст фикр кардан, кор фармудани ақлро омўхт. Нодорӣ худ омили фикр кардан аст. Фикре, ки шояд дар оянда нодорро ба миллионер ва ҳатто миллиардер табдил диҳад.

Аммо кӣ гуфта метавонад, ки боз ҳамин фикр, аммо дар сурати вожгуна, қодир ба табдил додани бой ба фақир нест? Ман ба ин шак надорам. Зеро, мешавад ҳолате, ки сарвати як нафар ба ҳадди ифрот мерасад ва ў аз худ меравад. Ақлаш роҳгум мезанад ва сарвати гирдовардаро дар роҳе беҳуда масраф мекунад, ки оқибат заволи молашро ба миён меораду нодорӣ дарашро мекўбад. Ё агар сарватманде дар шакли мерос моли зиёд ба даст оварда бошад, чун боигариаш аз даст рафт, зуд «бемор» мешавад ва ҳатто шояд худро дигар дар рўи замин дидан нахоҳад. Ба таъбири мардум, «сарват сарашро мехўрад», чун он мол бевосита мутааллиқи ў, самараи заҳмати шахсиаш набуд. Дар ин сурат, маълум мегардад, ки ин тоифа дар зоҳир доро, аммо аслан нодор будаанд. Ва ин ҳолат андешаеро ба сар меорад, ки беҳтараш нодори доро бошем, на дорои нодор.

Аслан, дороии сарватмандон бояд дар ҳимматашон зоҳир шавад, рафиқ Хоҷаев. Ҳиммате, ки ба дастгирии ниёзмандон равона гардидааст, на барои худнамоӣ. Воқеан, имрўз дар ҷомеаи мо нафарони сарватманде, ки бо заҳмати ҳалол соҳиби боигарӣ шудаанд ва ба табақаҳои заифи аҳолӣ ёрмандӣ мекунанд, ҳастанд. Аз ному насаби касе ёдовар намешавам, чун монанд ба миннати ноҷо ба ҷои онҳо менамояд. Ман ва шумо, ҳама медонем, ки онҳо кистанд, ба кадом ятимхона, хонаи маъюбон, шахсони алоҳидаи нодор кумак кардаанд, то руҳафтода набошанду ба пеш ҳаракат намоянд. Офарин ба ин гуна саховатмандон! Аммо, бубин, ки нависандаи машҳури олмонӣ Жан Пол чӣ мегўяд: «Апполони хирадманд медонист, ки беҳтар аз ҳама сагҳои гурусна шикор мекунанд, беҳтар аз ҳама давандаҳои сабук медаванд, медонист, ки аз санги сахт оташ мехезад. Барои ҳамин, ба мақбулҳояш нодорӣ мебахшид, қалби онҳоро бо нархи ҷисмашон мепўшонд ва барои зиндагӣ карданашон имкони кам медод, то абадӣ зиндагӣ кунанд». Куҷои ин амал хирадмандист? Ин ҷаҳолат аст! Истифода аз нотавонии дигарон ва ҳукмравоӣ аст. Ин ҳеҷ гуна дастгирӣ не, бароварда кардани хоҳишҳои худ мувофиқ ба манфиатҳои шахсӣ аст. Ин таҳқирест, ки баъди анҷом доданаш, Апполон аз он ҳаловат мебарад, аммо бар иваз, ғурури зердастони акнун нодорро мешиканад.

Дар умум, ҳамаи мо — инсоният, гаҳе дорову гоҳе нодорем, дўстам Хоҷаев! Ҳатман баъзе чизро дорем, чизи дигарро не. Пас, бояд бо ғуруру мардонагӣ асароти ҳар ду паҳлу ва марҳиларо бардорем.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *