Аз аскари ҶБВ то Раиси КБД

Моҳи июни соли гузашта собиқ раиси КБД Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), дӯсти Тоҷикистон, генерал Евгений Иванович Первентсев 95-сола шуд. Ӯ 10 соли фаъолияти чекистиашро дар Тоҷикистон сипарӣ кардааст.

Зодрӯзи ӯро дар Маскав, дар бинои намояндагии доимии Сахаи Ёқутистон дар Русия таҷлил карданд. Дар маросими ҷашн муовини аввали раиси ҳукумати Сахаи Ёқутистон Федотов Андрей Сандаминович иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Русия Владимир Владимирович Путин Евгений Ивановичро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, ӯро бо туҳфаи арзанда сарфароз гардонд. Аз ҷониби роҳбарияти ХФА ва дигар иштирокдорон шоми зодрӯз табрикот садо доданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович, собиқ раҳбарони Кумита — Зуҳуров Саидамир Зуҳурович, собиқадорони сохторҳои бехатарии Русия ва Тоҷикистон низ соҳибҷашнро табрик намуданд ва нақши Евгений Ивановичро дар рушди соҳаи амният, тарбияи ходимони мақомоти бехатарӣ зикр намуданд. Як сол қабл чунин чорабинии бошукуҳ баргузор гашта буд.

Первентсев кист?

Первентсев Евгений Ивановичсоли 1975 раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ аллакай мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи амният, «Аълочии фахрии КГБ-и СССР» буд.

Биёед ба он давра менигарем. Давраи муътадил, СССР, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авҷи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доштанд. Дар Тоҷикистон иншооти муҳим, комплекси ҳудудии истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ бунёд гаштанд, калонтарин истгоҳи барқии обии “Норак” ба кор даромад, корхонаи калонтарини истеҳсоли алюминийи Тоҷикистон, Комбинати электрокимиёвии Ёвон ва Комбинати маъдани куҳиву металлургии Анзоб ба фаъолият оғоз намуданд.

Истгоҳи баркии обии “Норак” дар пешрафти кишоварзӣ ва саноат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ нақши бузург дошт. Калонтарин обанбор дар ин минтақа ва комплекси барқию обии Бойғозӣ ба вуҷуд омад, ки оби дарёи Вахшро ҷиҳати обёрӣ ба танзим андохт. Ин орзуи чандин наслҳои ин минтақа буд. Дар ҳама ҷо шодию нишот ҳис карда мешуд. Ман, ки ҳам дар “Норак” ва ҳам дар “Бойғозӣ” дар чорабиниҳои идона иштирок доштам, он давраро хуб дар хотир дорам. Ҳосилнокиву ҳаҷми истеҳсоли пахта афзуд. Ҷамъоварии умумии ҳосили пахта ба дараҷаи аъло расид. Он соле ба 900 ҳазор тонна расида, соли 1981 дар дараҷаи рекордӣ — бештар аз 1 миллион тонна буд.

Дар ана ҳамон солҳо ба Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон Евгений Иванович Первентсев роҳбарӣ мекард. Чунон ки маълум аст, роҳбарони мақомоти бехатарии ин сатҳ бояд шабу рӯз кор карда, на танҳо аз вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ва оперативӣ бохабар бошанд, балки ба ҳаёти иқтисодӣ, илмӣ ва мадании ҷумҳурӣ низ хуб сарфаҳм раванду вазифаҳои бамиёнгузоштаи таъмини амнияти мамлакатро иҷро намоянд.

Баъди ба Афғонистон ворид шудани қӯшунҳои Советӣ вазъияти оперативӣ дар ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ дид. Вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тезутунд шуд. Задухӯрдҳо дар сарҳад ва кӯшишҳои вайрон кардани он аз тарафи ифротиён ва ҷангҷӯёни исломӣ ба қайд гирифта шуда, ҳодисаҳои қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин ба хоки ҷумҳурӣ фиристодани адабиёти зиддисоветии таблиғотӣ бештар мушоҳида мешуд.

КБД Тоҷикистон дар расонидани ёрии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон иштирок намуда, инчунин ба фармондеҳони ҳарбии давлатҳову минтақаҳо дар бораи вазъияти ҳудудҳои ҳамсоя ахбороти оперативӣ медод ва ба таъмини амнияти гузаштани қӯшунҳову кашонидани борҳои низомӣ машғул буд. Дар якҷоягӣ бо неруҳои марзбонӣ барои ҳимояи оперативӣ ва низомии сарҳади давлатӣ тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шуданд.

Қариб ҳар як корманди чорум аз ҷумлаи ҳайати оперативию идораи Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон дар он солҳои фаромӯшнашаванда аз мактаби кор дар Афғонистон гузаштааст. Евгентй Иванович ва чекистони Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои тамоми вазифаҳое, ки он вақт дар назди КБД Тоҷикистон гузошта шуда буданд, бо муваффақият баромаданд.

Вай ҳамчун депутати Совети Олии СССР мунтазам ба шаҳру наҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо бисёр роҳбарони Тоҷикистон, депутатҳо, намояндагони коллективҳои меҳнатӣ, колхозу совхозҳо, ходимони машҳури илму маданияти ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони оддӣ шинос буд. Вай дар байни роҳбарони мақомоти бехатарии ҷумҳурӣ ягона нафаре буд, ки даҳ сол дар ҷумҳурӣ кор кард ва тамоми ин солҳо дар ҳайати роҳбарият буд. Евгений Иванович ба роҳбарони Тоҷикистон бо эҳтироми бузург муносибат мекард, махсусан котибони якуми КМ ҲК Тоҷикистон Расулов ​Ҷаббор Расулович ва Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамовичро зуд-зуд ва гарму ҷӯшон ёдовар мешавад, ба хислатҳои кордонӣ ва инсониву одилонаи онҳо баҳои баланд медод. Бо дигар аъзои роҳбарияти кишвар низ муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстона дошт.

Первентсев дар қиёс бо роҳбарони пештара ба мардум наздик буд, проблемаҳои ҳайати шахсиро медонист ва бо онҳо машғул мешуду миёни коллектив муносибатҳои эътимоднок ба вуҷуд меовард. Бо ташаббуси ӯ роҳбарони ҷумҳурӣ ва шаҳр, намояндагони илм, маданият, мутахассисони хоҷагии халқ дар назди Дастгоҳи марказии КБД Тоҷикистон дар бораи комёбиҳо ва проблемаҳо мунтазам баромад мекарданд. Ин анъана шуда буд. Ҳамин тавр, ӯ коллективро бо комёбиҳои ҷумҳурӣ шинос мекард ва шиносоии бештар бо ҷумҳурӣ пайдо мекард.

Дар ҳузури ӯ ва бо иштироки ҳамсараш Любов Ивановна бо ходимони илму маданият, зиёиёни эҷодкор, аз қабили Артисти Халкии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Маҳмуд Эсанбоев, Артисткаи Халқии СССР Малика Собирова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Турсунзода, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, шоирони халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакару Муъмин Қаноат ва дигарон вохӯриҳо доир мегардиданд.

Барои коргарон ва оилаҳои онҳо дар корхонаҳои муҳиму пешқадаме аз қабили истгоҳи барқӣ-обии “Норак”, Заводи алюминийи Тоҷикистон, комбинатҳои бофандагӣ ва абрешими Душанбе, заводи «Трактордеталь», заводи мошинсозии ба номи Дзержинский ва ғайра экскурсияҳои таълимӣ гузаронида мешуданд.

Маҳз ба шарофати обрӯви эътибори ӯ буд, ки кайҳоннавардони СССР Береговой Г. Т., Антюхин Ю. П., Гуляев В. И., Климук П. И., Филипченко А. В., Хрунов Е. В. ва Романенко Р. Ю. бо фаъолони ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат мешуданд, аз дастовардҳои соҳаи кайҳоннавардӣ нақлҳо мекарданд. Ташрифи онҳо маҳз бо ибтикороти Евгений Иванович буд, зеро ӯ ҳангоми дар Москва кор кардан кайҳоннавардонро мешинохт.

Бо омадани Первентсев Е. И. талабот ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар сатҳи баланд қарор гирифт. Чунин талабҳо ҳамеша вуҷуд доштанд, вале дар ин давра ба хоста гирифтани кадрҳои мақомоти бехатарӣ, дар асоси анъанаҳои чекистӣ тарбия намудани онҳо бештар диққат дода мешуд. Шумораи ҳайати шахсӣ он вақт ба таври қобили мулоҳиза кам буд, вале вазифаҳои гузошташуда пурра иҷро мешуданд. Ҳама гуна ҳодисаҳои вайрон кардани интизом, сӯйистифода аз ваколат ва вайрон кардани қонун аз тарафи кормандон пешгирӣ карда шуд. Мақомоти бехатарӣ қатъиян дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории мамлакат муайян карда буд, фаъолият мебурданд.

Первентсев Е. И. ба касбияти кадрҳо, доираи назар ва фарҳанги волои кормандони соҳаи амният диққати махсус медод. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ шумораи коргарон аз ҳисоби мардуми таҳҷоӣ зиёд шуд. Ӯ барои мо на танҳо роҳбар, балки муаллими асил, мураббӣ буд. Қариб ҳамаи онҳое, ки он замон бо Евгений Иванович кор мекарданд, баъдан бо касбияти баланд ба камол расида, роҳбар таъин шуданд, шумораи  генералҳо ба 17 нафар расид. Миёни онҳо роҳбарони Кумитаи амнияти миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон — С. З. Зуҳуров, С. К. Камолов, Х. С. Абдураҳимов, С. С. Ятимов, инчунин шахсонеро, ки қаблан дар вазифаи муовинони раиси Кумитаи амнияти миллӣ кор кардаанд — Б. Н. Абдуллоев, Д. М. Мамадризобеков, X. X. Ҳамроқулов ва дигар ветеранҳои мақомоти бехатариро ном бурдан мумкин аст.

Евгений Иванович солҳои зиёд аст, ки соле як маротиба дар Москва ҳамкасбонро ҷамъ меоварад. Вай хотираҳои худро ба мо нақл мекунад, ба пешравӣ ва сарнавишти ҳамкасбон мароқ зоҳир менамояд. Чунин сухбатҳо хеле шавқовару пурмазмунанд.

Соли 2013 Евгений Иванович бо даъвати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ятимов С. С. ба Душанбе омад. Мулқоти ӯ бо роҳбарияти Кумита ва баъдан бо ҳайати шахсӣ ва ветеранҳои мақомоти бехатарӣ, ки аксарашон дар замони ӯ кор карда буданд, доир гардид. Ин вохӯрӣ аҷоиб ва нотакрор буд. Дар он аз хотираҳо ва таҷрибаи кори худ нақл кард, оид ба фаъолияташ дар ҷумҳурӣ ва эҳтироми хосааш ба халқи тоҷик гарму ҷӯшон сухан ронд.

Соли 2014 бо ибтикори Евгений Иванович дар шаҳри Москва бахшида ба 90-солагии таъсисёбии мақомоти бехатарии Тоҷикистон вохӯрии собиқадорони сохторҳои бехатарии Русия ва Тоҷикистон, ки қаблан дар ҷумҳурӣ кор карда буданд, баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 90 нафар иштирок доштанд. Намояндагони Сафорати Тоҷикистон низ ҳузур доштанд. Иштирокчиён аз хотираҳои худ нақл карданд, дар бораи фаъолияташон дар Тоҷикистон, мардуми ин кишвар ва зарурати ташкили чунин вохӯриҳо дар оянда сухан гуфта шуд. Ба иштирокдорони ин вохӯрӣ медалои хотиравӣ супурда шуд.

Ба муносибати 90-солагии Евгений Иванович дар Москва китоби ёддоштҳои ӯ бо номи «Марҳалаҳои ҳаёт» («Этапы жизни») аз чоп баромад, ки дар он Евгений Иванович дар бораи лаҳзаҳои асосии ҳаёти худ, ҳамкорон ва наздиконаш нақл мекунад. Аз ҳамкоронаш аз Тоҷикистон — Ш. К. Қурбонов, К. П. Пулодов, Я. К. Расулов, X. Ш. Шарифов, М. Х. Сироҷиддинов ва бисёр дигарон низ бо эҳтиром ва самимӣ ёд меорад.

Аз замоне, ки Первентсев дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекард, солҳои зиёд гузашт, вале ӯ ба Тоҷикистон ҳоло ҳам таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва робитаашро бо ҳамсафон ва дӯстон канда намекунад. Ӯ ҳоло ҳам нерӯманд ва ташаббускор аст.

Ана ҳамин хел одами аҷоиб, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мо зиндагиву кор мекунад. Ӯ дар синни 96-солагӣ ҳам моро дар ҳайрат мегузорад, барои иҷрои корҳои нек руҳбаланд месозад, дар ҳама чиз намуна аст, чун мураббӣ ғамхор ва чун омӯзгор пур аз ҳикмату маърифат аст.

Давлат МАМАДРИЗОБЕКОВ,

собиқ муовини Вазири амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар акс аз чап ба рост: Пичугин А. Ф., — сардори шуъбаи КГБ, Сироҷидинов М. Х. — сардори шуъбаи КГБ, Стройкин А. — сардори шуъбаи КГБ, Пулотов К. П. — ҷонишини раиси КГБ,  Полукаров Ю. И. — Котиби 2-юми КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Расулов Д. Р. — Котиби якуми Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Первентсев Е. И. — Раиси КБД Тоҷикистон, Стрекалов А. — ҷонишини раиси КБД, Ҳусайнов В. Ю. — ҷонишини раиси КГБ, Мамадризобеков Д. — котиби комитети партиявии шаҳр

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *