Агентии зидди коррупсия Убайдуллоевро тафтиш мекунад?
Агентии мубориза зидди фасод мегӯяд, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тафтиш мешавад.
Илёс Идрисзода, муовини раиси Агентии мубориза бо фасод имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тафтишҳо дар робита ба аз худ кардани маблағҳо, сурат хоҳад гирифт.
Вай аз ҷумла афзуд, ки ҳоло тарҳи «Манзили дастрас» ва дар бархе идораҳои шаҳрдорӣ аз худ кардани маблағҳо, санҷида мешавад. Ба гуфтаи муовини раиси Агентии мубориза бо фасод, шаҳрдори феълии Душанбе низ аз ин ниҳод дархости чунин тафтишро кардааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқадори шаҳри Душанбе рӯзи 12 январ аз мақом барканор шуд ва ҷойи ӯро Рустами Эмомалӣ гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ