«Агроинвестбонк» пул дода истодааст

«Агроинвестбонк” бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон имрӯз, 16-уми январ аз оғози додани пули нақд ба мизоҷон хабар дод. 

Тибқи иттилоияи бонк, ки дар сомонааш нашр шудааст, “Агроинвестбонк” додани пули нақд тариқи банкоматҳоро оғоз карда, қабули кортҳои бонк дар муассисаҳои тиҷорию хидматрасонӣ аз сар гирифта шуд.
Масъулини бонк ҳадди ниҳоии пули нақдеро, ки аз банкоматҳо ба мизоҷон дода мешавад, 600 сомонӣ дар як рӯз муқаррар намудаанд. Хариди молу маҳсулот бо кортҳои бонк бемаҳдудият сурат хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *