Раиси шаҳр собиқ раиси “7 бурҷ”-ро аз кор гирифт
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раҳбарии “МБТИ” барканор кардааст.
Саидҳомид Маҳмудов, ки қаблан ҳамчун раиси “Q-Net”-у “7 бурҷ” вирди забон шуда буд, охири ҳафтаи гузашта аз мақоми раиси Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе-“МБТИ” барканор гардид. Ба ҷои ӯ Толиб Мирзораҳимов иҷрокунандаи вазифаи раиси “МБТИ” таъин шудааст.
Сайҳомид Маҳмудов, ки қаблан роҳбарии ширкатҳои баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет)-у “7 бурҷ” дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев аст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ