“АиФ”: Оё Русия метавонад бидуни муҳоҷирон зиндагӣ кунад?
Ин ҳафта нашрияи “Аргументы и факты — Таджикистан” нуқтаи назари олим Александр Сафоновро бо номи “Оё Русия метавонад бидуни муҳоҷирон зиндагӣ кунад?” ба нашр расонд, ки дар он шарту шароити кори муҳоҷирон дар Русия инъикос ёфтааст.
Дар матлаби ба нашр расонидаи ҳафтанома аз ҷумла гуфта мешавад, ки “мувофиқи ҳисоби анҷомдодаи ширкати “Финэкспертиза”, дар Русия 2,2 миллион нафар кадрҳо намерасанд. Аммо мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат, дар ин кишвар 3,4 миллион нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд”.
Дар ин маврид суол гузошта шудааст, ки пас, дар ҳоле ин теъдод бекорон наметавонанд ҷойи кор ёбанд, чаро ширкатҳо муҳоҷиронро киро мекунанд?
Муаллифи назар, профессори Донишгоҳи молиявӣ Александр Сафонов сабаби асосиро дар он мебинад, ки системаи омодасозии бекорон ба касбу коре на ба сатҳе роҳандозӣ гардидааст, ки зарур аст.
— Давлатро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо кордиҳандагон барномаҳои ҷалбсозии муҳоҷирони дохилиро таҳия намояд. Яъне, бояд ба интихоби ҳадафноки қувваи корӣ аз минтақаҳое машғул шаванд, ки дар он ҷойҳо сатҳи бекорӣ бештар аст ва бо кафолати ҷойи кор ёфтан дар дигар минтақаҳову бо пешниҳоди манзилу шароити иҷтимоӣ ба омӯзонидани онҳо пардозанд,- мегӯяд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ