Орифҷон Содиқов: Бо соҳибкорон муносибати дилсӯзона мебояд

Хистеварз деҳаи одамони шуҳратманду номвар, пешоҳангу ҷоннисор, олимону нависандагону санъаткорони варзида ва офарандагони неъматҳои моддӣ мебошад.

Орифҷон низ давраи тифлӣ ва наврасиашро дар Хистеварз гузаронида, чун фарзанди лоиқи деҳа ва замон калон шуд. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Солҳои таҳсил бомуваффақият паси сар шуданд ва баъди хатми донишгоҳ Орифҷон Содиқовро ба яке аз мактабҳои деҳааш роҳхат доданд. Ӯ дар мактаб кор карда, ба фарзандони ҳамдеҳагонаш забони Шекспирро таълим дод.

Соли 1970 Орифҷон Содиқовро низ ба хидмат даъват намуданд ва ӯ хизматро дар шаҳри Иркутск оғоз карда, дар қисми ҳавопаймоӣ командири дастаи алоқачиён буд. Баъди адои хизмат ба мактаби миёнаи рақами 54-и деҳа баргашт ва ба таълими хонандагон пардохт.

Бо амри тақдир дар ҳаёти Орифҷон Содиқов тағйирот ба амал омад. Сифатҳои хуби инсонӣ, қобилияти ташкитлотчигӣ ва донишу малакаи ӯро ба назар гирифта, Орифҷонро барои кор ба Кумитаи давлатии амният даъват намуданд ва 14-уми августи соли 1972 ӯ дар ин мақомоти бонуфуз ба кор шуруъ намуд. Боз таҳсил дар мақомоти нав оғоз ёфт. Орифҷон Содиқовро ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия ба мактаби амнияти ИҶШС фиристоданд ва давоми як сол ӯ нозукиҳои касби навро аз худ намуда, баъди бозгашт дар Раёсати Кумитаи амнияти давлатӣ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) 22 сол фаъолият намуд. Корро аз нозири оддӣ оғоз намуда, туфайли кордониву масъулиятшиносӣ ба вазифаҳои ваколатдор, роҳбари гуруҳ, сардори бахш, сардори шуъба ва сардори дастгоҳи Раёсати марказии Кумитаи давлатии амният расидааст. Солҳои фаъолият дар мақомоти амният ҳарчанд барои ӯ мушкилу масъулиятнок буд, шуруъ аз соли 1990 боз мураккабу душвортар гашт. Ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, полковники амният Орифҷон Содиқов дар ин мақомот фаъолият дошт.

Моҳи апрели соли 1995 Орифҷон Содиқовро сардори мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, генерали Хадамоти гумрук Худойқул Ҳамроқулов ба кор даъват намуд. Орифҷон Содиқов бо Худойқул Ҳамроқулов дар соҳаи амният солҳои тӯлонӣ фаъолият карда, якдигарро хуб мешинохтанд. Сарвари хадамот нағз медонист, ки Орифҷон Содиқов мутахассиси болаёқат ва ростқавл асту аз душвориҳо намеҳаросад ва вазифаи ба ӯ супурдаро аз сидқан ба ҷо оварда, дар пешравии кор саҳм мегузорад.

Орифҷон Содиқовро сардори дидбонгоҳи гумрукии Роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин намуданд. Ин даврае буд, ки дар ҷумҳурии тозаистиқлол мақомоти гумруки кишвар ташаккул меёфт ва самтҳои гуногуни фаъолияти он муайян мегашт.

Баъдан ӯро ба вазифаи муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пешбарӣ намуданд, ки дар ин вазифа то соли 2005 кор кард. Дар 10 соли фаъолият дар соҳаи гумруки кишвар ӯ дар пешравии раёсати вилоят саҳми калон гузошта, мутахассисони зиёдеро тарбия ва ба вазифаҳо пешбарӣ намуд.

Дар Хадамоти гумруки кишвар ба фаъолияти Орифҷон Содиқов баҳои баланд медиҳанд. Мавсуф ёд дорад, ки соли 1997 тавассути кӯшишу ғайрати гумрукчиёни вилояти Суғд ба буҷети мамлакат зиёда аз 1 миллион доллар пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шуд, ки натиҷаи назаррас ба шумор меравад.

“Дар баробари ба ҷо овардани қоидаҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳо, бояд бо соҳибкорону дигар интиқолдиҳандагони борҳо муносибати хубу дилсӯзона кард. Зеро онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар, ғанисозии бозори дохилӣ ва фаровонии неъматҳо саҳмгузоранд”,- мегӯяд Орифҷон Содиқов.

Пас аз баромадан ба нафақа мавсуф вазифаҳои ҷамъиятӣ, аз қабили раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Бӯстон, инчунин муовини раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба зимма дошта, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд буда, барои дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Дар фарҷом Орифҷон Содиқов ва дар симои ӯ тамоми собиқадорони мақомоти гумрукро бо ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки кишвар табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва умри дарози бобаракатро таманно дорем.

Дилрабои АЪЗАМ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *