Академик Имомзода президент шуд
Ректори ДМТ, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, академик Муҳаммадюсуф Имомзода президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 20 сентябр дар Дар донишгоҳи давлатии Олтойи Федератсияи Русия, ки дар шаҳри Барнаул воқеаъ аст, 3-юмин Анҷумани Асотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ки ба он 70 мактаби олӣ аз 9 кишвари ҷаҳон иштирок доранд, аз ҷумла Русия, Арманистон, Муғулистон, Тайланд. Чин ва Қазоқистону Тоҷикистон шомиланд.
Зимни ин Анҷуман бо гирифтани сад фисади овозҳо Имомзода президенти ин ассотсиатсия интихоб шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки зимни баррасии номзадон ба вазифаи Президенти Ассосиатсия дастовардҳои ДМТ дар самти ба роҳ мондани усулҳои нави идоракунӣ, рушд ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи илм, таҳсилот, ҳамкориҳои байналмилалӣ ёдоварӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ