Шоҳҷоизаи «Шашмақом»

Мақомсароёни тоҷик аз Ӯзбекистон Гран-при ва $15 000 оварданд

Аз 6 то 10 сентябри соли равон дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом баргузор гардид. Хушбахтона, ҳайати мақомсароёни тоҷик бо гирифтани мукофоти асосӣ —  Шоҳҷоиза мушарраф гардиданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи Шашмақом Абдувалӣ Абдурашидов, ки аъзои ҳайати ҳакамони ин ҷашнвора буд, мегӯяд, ки  «ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар  ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори чунин баҳои баланд гардиданд».

Қобили зикр аст, ки  нахустин Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом бо дастгирии ЮНЕСКО ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бевосита ширкат намуд ва суханронӣ кард.

Дар форуми мазкур наздики  300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Академияи Шашмақом, бо роҳбарии Абдувалӣ Абдурашидов намояндагӣ мекард.

Ҳамчунин, мақомсароён ва навозандагони мумтози кишвар Озода Ашӯрова, Сироҷиддин Ҷӯраев, Насиба Амонбоева, Ҷамшед Эргашев, Камолиддин Ҳамдамов, Тоҳирҷон Ҷӯраев ва Мурод Ҷумъавев дар ин ҳамоиш ҳунарнамоӣ намуданд.

Журналист Аваз Юлдошев, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ ва ҳамоишро пайгирӣ менамуд, мегӯяд:

«Аз рӯзи аввал, ки мо ба Шаҳрисабз расидему дар яке аз толорҳои меҳмонхона мақомсароёни тоҷик тамринро оғоз намуданд ва садои марғуладорашон меҳмонхонаро пахш кард, мақомсароёни дигар кишварҳо аз пушти дар тоҷиконро тамошо карда, мағлубиятро қабул карда буданд…».

Дар мавриди ин ҳамоиш таассуроти мақомсарои Академияи Шашмақом  Озода Ашӯроваро пурсон шудем:

«Шоҳҷоизае, ки мо овардем, танҳо ба мо тааллуқ надорад, он ба тамоми онҳое, ки дар рушд ва шакл гирифтани Шашмақом саҳм гузоштаанд, бахшида мешавад, зеро маҳз устодон ва мақомсароёни мумтоз буданд, ки  барои равнақи Шашмақом, барои пойдор мондани он хизматҳо карданд ва имрӯз мо ифтихор мекунем».

Ба ақидаи Озода Ашӯрова, маҳз иҷрои ансамбли Шашмақом аз ҷониби мақомсароёни тоҷик, диққати ҳакамонро ҷалб ва онҳоро мафтун намудааст:

«Дар озмуни мақом чанд ҷанбаъҳое ҳаст, ки дар вақти баҳодиҳӣ ба назар гирифта мешавад. Академияи мақом ба он сабаб ғолиб дониста шуд, ки ҳам дар тарзи иҷрои якка ва ҳам ансамбли барномаи мо ҷолиб буд. Аммо иҷроиши ансамбли мо диққати ҳакамонро бештар ҷалб кард, зеро дар тарзи иҷроиши соло ё яккасароӣ имкониятҳои овозии ҳар як сароянда ба назар гирифта мешавад, аммо дар иҷроиши ансамблӣ бо ҳам ҳамовоз будан, якдил будан муҳим аст».

Ҷамшед Эргашов — мақомсарои дигари ин ансамбл, ки дар ҳамоиш ҳунарнамоӣ кард, мегӯяд, ки гурӯҳи онҳоро асосан асарҳои интихобкардаашон дастболо намуд:

«Дар интихоби асар мо хеле фикр кардем ва ба хулоса омадем, ки он асарҳоеро интихоб намоем, ки дар давлатҳои дигар камтар иҷро шуда бошанд, махсусан дар Ӯзбекистон. Зеро Шашмақоми мо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон васеъ иҷро карда мешавад».

Ҳамин тавр, ҳайати Тоҷикистон ду асари классикӣ асарҳои «Наврӯзи Аҷам» (шеъри устод Рӯдакӣ), «Савти панҷум»-и Содирхони Ҳофиз ва ду асари нав, ки маҳсули эҷоди мақомсароёни Академияи Шашмақом мебошанд —  «Қашқарчаи савти ушшоқ»- Хуршеди Иброҳим ва «Силсилаи шикастаи нав»- и Тоҳирҷон Ҷӯраевро иҷро намуданд.

Ҳунари мақомсароӣ имрӯз дар ҷаҳон хеле густариш ёфта, дар чандин кишварҳои дунё иҷро карда мешавад. Далели ин иштироки 73 давлати дунё дар Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабз мебошад. Аммо Ҷамшед Эргашов мегӯяд, ки новобаста ба густариши мақомсароӣ дар ҷаҳон «Шашмақом»-и тоҷик хеле бартариҳо дорад.

«Аз миёни ҳамаи давлатҳое, ки соҳиби мақом ҳастанд, «Шашмақом»-и тоҷик, хеле бартарӣ дорад, зеро «Шашмақом»-и мо куллан  ва аз ҳама ҷиҳат комил шудааст; ҳам аз ҷиҳати сохтори мусиқӣ, ҳам аз ҷиҳати сохтори шеърӣ ва ҳам аз ҷиҳати сохтори мусиқиву зарб.  Мақомҳои давлатҳои дигар парда доранд, овозқатора доранд, аммо зарби муайян надоранд ва бештар ба тарзи импровезатсия иҷро карда мешавад. Агар даҳ ҳофизи Озарбойҷон як мақомро иҷро кунанд ҳам, даҳ хел садо медиҳад, гарчанде парда ҳамон, овозқатора ҳамон, аммо тарзи иҷроиш фарқ мекунад. Дар «Шашмақом»-и мо бошад, аллакай ҳама чиз танзим шудааст ва агар даҳ сароянда ҳам як асарро иҷро кунад, як хел садо медиҳад».

Шоҳҷоизае, ки аз Ӯзбекистон мақомсароёни тоҷик оварданд, яке аз дастовардҳои муҳимтарини «Шашмақом»-и тоҷик дар даҳсолаҳои охир ба ҳисоб меравад, зеро Тоҷикистон салҳои охир ба санъати мақом дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, айни замон дар ҷумҳурӣ чандин ансамбли «Шашмақом» фаъолият доранд.  Дигар нуктаи ҷолиб он аст, ки ба майдони мақомсароӣ як зумра ҷавонон омаданд, ки аллакай шуҳратёранд.

Одили Нозир,

«Тоҷикистон», №38. 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *