10 ҳазор ӯзбекистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд

Тайи шаш моҳи аввали соли равон, аз моҳи январ то моҳи июн ҳудуди 10 ҳазор ӯзбекистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ҳамзамон беш аз 75 ҳазор ӯзбекистонии дигар дар Русия бо иҷозатномаи будубоши доимӣ ба сар бурдаанд.

Ба огаҳии сомонаи Вазорати умури дохилии Русия, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон беш аз 2,2 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия дар қайди муҳоҷират гузошта шудаанд.

Дар ҳамин давра дар Русия беш аз 1,1 миллион ӯзбекистонӣ кор карда, ҳудуди 10 ҳазор нафар ба омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ машғул буданд ва танҳо 4 ҳазор кас ҳамчун сайёҳ рафтаанд.

Мақомоти рус мегӯянд, шумори ӯзбекистониҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, меафзояд. Агар соли 2012 шаҳрвандии Русияро 13 ҳазору 400 ӯзбекистонӣ қабул карда бошанд, дар соли 2017 шумори онҳо ба 23 ҳазору 300 нафар расидааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Ӯзбекистон ба рӯйхати кишварҳои панҷгонае шомил аст, ки сокинонашон бештар шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд.

Ба рӯйхати кишварҳои чоргона Украина (85,1 ҳазор), Қазоқистон (40,7 ҳазор), Тоҷикистон (29 ҳазор) ва Арманистон (25,1 ҳазор) шомиланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *