Акнун ба Қатар ба муҳоҷират меравем

Тоҷикистону Қатар дар масъалаи интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба ин кишвари арабӣ ба мувофиқа расидаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъди имзо шудани созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни маҳдудият ё лимит метавонанд барои кор ба Қатар бираванд.

Аз Раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат  гуфтанд, ки дар назар аст лоиҳаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Қатар аз ҷониби вазирони меҳнати ду кишвар ба имзо расад.

“Гуфтушунид ба анҷом расид, тарафҳо ба ҳам мувофиқа карданд. Дар интиқоли муҳоҷирон ягон маҳдудият ё лимит нест. Чӣ қадар ҷойи коре, ки барои муҳоҷирони мо мувофиқ бошад, Қатар қабул мекунад,”-гуфт манбаъ.

Дар Вазорати меҳнат мегӯянд, ҳадафи аслӣ аз тасвиби созишнома, пешгирӣ аз ҳолатҳои ба ғуломӣ афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлатҳои арабӣ мебошад. Қаблан чандин ҳолатҳои ба ғуломӣ гирифтор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлатҳои арабӣ аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб расонаӣ шуда буд.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати меҳнат, созишномаи ирсоли муҳоҷирони тоҷик ба Қатар дар назар аст зимни як маросим аз ҷониби вазирони ду кишвар ба имзо расад. Тоҷикистон ҳоло бо Русия, Қазоқистон ва Белорусия шартномаи корӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *