Бекорони Эрон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд

Мудири кулли Дафтари ҳидояти нирӯ ва корёбиҳои Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломӣ дар 4 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон 4 дафтари эъзоми нирӯи корӣ таъсис додааст. Муҳаммад Акбарниё гуфт, Эрон барои таъсиси ин дафтарҳо кишварҳоеро интихоб кардааст, ки имкони фиристодани бекорони эронӣ ба онҷо вуҷуд дорад.

Мудири кулли дафтари ҳидояти нирӯ ва корёбиҳои Эрон Муҳаммад Акбарниё рӯзи 18 октябр дармусоҳиба бо хабаргузории Тасним гуфт ӯ, Ҷумҳурии исломӣ дар кишварҳои Австрали, Умон, Туркия ва Тоҷикистон чаҳор дафтари эъзоми нирӯ ба хориҷи кишварро таъсис додааст.

Муҳаммад Акбарниё, ки дар ҳошияи як намоишгоҳи нирӯи кор сӯҳбат мекард, ба хабарнигори иқтисодии Тасним гуфт, таъсиси ин 4 дафтар ба хотири коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Эрон сурат мегирад. Сатҳи бекорӣ дар Эроназ 10 дарсад бештар буда, аз 29 миллион аҳолии қобили кори ин кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз 3 миллионаш бекоранд.

Мудири кулли дафтари ҳидояти нирӯ ва корёбиҳои Эрон гуфт, барои роҳандозии 4 дафтари аввали эъзоми нирӯи кор 4 кишвареро интихоб кардаанд, ки имкони ба он кишварҳо фиристодани бекорони эронӣ вуҷуд дорад: «Бо ҳамкории вазорати умури хориҷа ва сафоратҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии исломӣ дар кишварҳое, ки эҳтимоли эъзоми нирӯи кор ба онҷо вуҷуд дорад, ҳамоҳангиҳои лозим сурат гирифт. Хушбахтона, ҳамоҳангиҳое сурат гирифтааст ва муваффақ шудем, 4 дафтари корёбӣ дар кишварҳои Австралия, Умон, Туркия ва Тоҷикистон роҳандозӣ кунем ва аз ин тариқ битавонем нирӯ ба он кишварҳо эъзом кунем.”

Муҳаммад Акбарниё афзуд, дар баробари фиристодани бекорон ба хориҷ аз кишвар «барномаи ҳимоят аз шоғилини эронӣ низ тарроҳӣ шудааст ки ин дафтарҳо битавонанд бо ҳамкории вазорати хориҷа аз шоғилин дар ин кишварҳо ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.”

Азми Эрон барои фиристодани бекоронаш ба Тоҷикистон дар ҳолест ки ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори худи ин кишвар ба хотири таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

Кам шудани сатҳи даромади муҳоҷирон дар Русия назарҳои интиқодӣ дар мавриди дар бозори Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин шудани коргарони хориҷиро бештар кардааст.

Бино ба гузориши ахири UNCTAD – Анҷумани тиҷорат ва рушди Созмони милали Муттаҳид, Тоҷикистон ҳар сол ба тақрибан то 6 ҳазор хориҷӣ иҷозатномаи кор медиҳад, ки аз се ду ҳиссааш аз Чин мебошанд.

Дар гузориши UNCTAD , ки соли гузашта бо номи «Investment Policy Review. Tajikistan” («Таҳлили сиёсати сармоягузории Тоҷикистон”) нашр шуд, гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар тӯли се соли 2011 -2013 дар маҷмӯъ ба 14 800 коргари хориҷӣ барои кору фаъолият дар ин кишвар иҷозати кор додаанд. Аз ин шумор 8961 нафар, ё беш аз 60 фоизашро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Дар ҷои дувум шаҳрвандони Афғонистон меоянд, вале шумори афғонҳое, ки тайи солҳои 2011-2013 дар Тоҷикистон иҷозатномаи кор пайдо кардаанд, 2362 нафарро ташкил медиҳад. Яъне қариб 4 маротиба камтар аз шаҳрвандони Чин.

Тоҷикистон дар соли 2011 дар маҷмӯъ ба 3952 хориҷӣ, дар соли 2012 ба 4830 нафар ва дар соли 2013 алакай ба 6012 хориҷии талабгори кор дар Тоҷикистон иҷозаи кор додааст.

Дар соли 2013 аз ин беш аз 6000 коргари хориҷӣ дар бозори кори Тоҷикистон 3861 нафар, ё аз се ду ҳиссаи ҷамъи коргарони хориҷиро шаҳрвандони Чин, 874 нафарро шаҳрвандони Афғонистон, 354 нафарро аз Туркия, 168 нафарро покистониҳо, 144 нафарро аз Узбекистон ва 103 тани дигар аз Ҳинд ташкил додаанд.

Аммо ҳиссаи коргарони эронӣ дар таркиби коргарони хориҷӣ дар бозори кори Тоҷикистон то кунун хеле ночиз буд ва барои мисол, дар соли 2013 ҳамагӣ 313 нафар аз Эрон дар Тоҷикистон иҷозати кор ба даст овардаанд.

Кам шудани сатҳи даромади муҳоҷирони тоҷик дар Русия назарҳои интиқодӣ дар мавриди дар бозори Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин шудани коргарони хориҷиро бештар кардааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон дар посух мегӯянд, коргарони, барои мисол, Чин дар Тоҷикистон дар тарҳҳои муҳиме, ки бо сармоягузории Пекин ва тавассути ширкатҳои чинӣ анҷом мешаванд, ба кор ҷалб мешаванд ва ҷои касеро дар бозори кор танг накардаанд.

Эрон дар ҳоле аз таъсиси дафтари махсус барои эъзоми бекоронаш ба Тоҷикистон хабар дод, ки равобити Теҳрону Душанбе як давраи мушкилеро пушти сар мекунанд.

Бархе инро ба баҳси миллиардҳо доллари, ба иддаои мақомоти эронӣ, тавассути бонкҳои Тоҷикистон обулойшудаи сармоядори эронӣ Бобаки Занҷонӣ мебинанд ва бархе дар даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба як анҷуман ба Теҳрон дар поёни соли 2015. Дар ҳар сурат, Тоҷикистон рӯи воридоти як идда аз маҳсулоти Эрон таҳрим гузошта, фахолияти Сандуқи Имом Хумайнӣ ва ройзаниҳои фарҳангиву иқтисодии Эрон дар Хуҷандро қатъ кард ва ахиран Эронро ба маблағгузории кушторҳои пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон айбдор кард.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *