Допингназорати варзишгарони маъруфи кишвар

Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии зиддидопинги ҷумҳурӣ варзишгарони кишвар барои истифода накардани допинг ташхис мешаванд.

Ба иттилои Екатерина Айриян — нозири допинг дар Тоҷикистон – масъалаи истифодаи доруҳои мамнуъ ва неруафзо аз ҷониби варзишгарон дар тамоми ҷаҳон ташвишовар аст. Дар баробари ҷомеаи ҷаҳон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ зидди ин зуҳурот пайваста мубориза мебарад. Дар робита ба ин бо масъулони федератсияҳои варзишӣ ва варзишгарон мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста гузаронида мешавад.

Дирӯз бо ҷалби мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон Тана Омарова 8 варзишгари кишвари мо – Шаббос Негматуллоев, Шоира Зулқайнарова (бокс), Ҷаҳонгир Маҷидов (дзюдо), Фарҳод Неъматов, Манучеҳр Неъматов (таеквондо), Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам (гуштини озод) ва Бахтовар Ҳасанов (гуштини юнонӣ-римӣ) барои ташхиси допинг даъват шуданд, ки натиҷаи он баъдтар маълум мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *