Акнун Бобиевро ҳабс мекунанд?

Блогери тоҷик барои аксҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, равонаи зиндон шавад, хабар додааст ТАСС. Ба иттилои манбаъ, парвандаи Бобиев ба идораи Кумитаи тафтишотӣ дар ноҳияи Твери шаҳри Маскав ирсол карда шудаанд. Таъкид шудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса, бар асоси моддаи 148-и Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст, ки ҷавобгарӣ барои беэҳтиромии оммавӣ нисбати ҷамъият ва таҳқири эҳсоси диниро пешбинӣ кардааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия то як соли зиндонро ба сифати ҷазо муқаррар кардааст. Ёдовар мешавем, ки Музаффар Бобиев дар аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, вонамуди алоқаи шаҳвонӣ карда, дар шабакаҳо шӯр барангехта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *