Зани ваҳдатӣ Олима Камолова ҷанговари Толибон буд ё ДОИШ?

Тоҷикзан Олима Камолова ҷанговари Толибон буд ё ДОИШ? Суди шаҳри Ваҳдат Олима Камолова,сокини ин шаҳрро ,ки 31-сола мебошад, бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои берун аз Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард. Ин зан, ба гуфти мақомот, дар минтақаи зери назоратиу ДОИШ дар Афғонистон ҷангидааст. Ҳукми суди шаҳри Ваҳдат рӯзи 30-юми сентябр содир шуд. Судя Хайрулло Ҳабибуллозода ҳангоми қироати ҳукм гуфт,ки Олима Камолова ба «ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар» (моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шуд. «Камолова 12 сол зиндонро дар маҳбаси низомаш умумӣ адо мекунад», — гуфт судяи парванда. Прокурор барои ин зани ифротӣ понздаҳ сол ҳабс талаб карда буд. Олима Камолова дар сухани охирини худ дар суд гуфт, «бегуноҳ аст» ва “ба шавҳараш итоат карда, бо фиреби ӯ ба Афғонистон рафт». «Ҳангоми дар Афғонистон будан ба зидди артиши ин кишвар ҷанг накардаам. Ду дафъа ҳомила будам. Зани ҳомила чӣ хел яроқ гирифта, дар кӯҳҳо ҷанг мекунад? Барои халос шудан аз ин ҳолат, худамро ба нерӯҳои Афғонистон таслим кардам», — гуфтааст ӯ дар суд. Шавҳари Олима кушта шудааст ва шоҳидони дигар дастрас нестанд, тасдиқи дурустии гуфтаҳои ӯ ғайриимкон аст. Шералӣ Камолов, падари Олима, гуфтааст,ки духтараш «барои сохтани зиндагии нав дар Тоҷикистон омада буд». Тавре ӯмегуяд, шавҳари Олима Парвиз Сангов, аввал ба Сурия ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Аммо маълм шудаст,ки Камолова на дар Сурия, балки дар Афғонистон дар минтақаи зери назорати ДОИШ будааст. Бар асоси як мактуби вакили дифои Олима Камолова, ӯ моҳи ноябри соли 2015 бо шавҳараш аз Русия аввал ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва сипас ба Эрон рафтааст. Бино бар ин нома, «онҳо муддати ду ҳафта дар Эрон монда, баъди гирифтани раводид ё визаи Афғонистон ба шаҳри Кобул ва аз онҷо бо мошин ба шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, рафтаанд.» Вилояти Нангарҳор аз минтақаҳоест, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар онҷо нуфуз дорад. Дар инҷо шохаи “Хуросон”-и ин гуруҳ фаъол аст ва масъулияти чандин ҳодисаҳои террористиро ба уҳда гирифтааст. Олима Камолова дар мрофиаи судӣ гуфт,ки баъди расидан ба Ҷалолобод шавҳараш ҳуҷҷатҳои ӯро нобуд кард, то фирор накунад. Ба нақли ӯ, 7 моҳ баъди расидан ба Ҷалолобод, шавҳараш дар ҷанг кушта шуд ва бар асоси қоидаҳои ҷорикардаи “Давлати исломӣ” 4 моҳу 10 рӯз дар идда буд ва наметавонист, аз хона берун барояд. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат, Камолова дубора шавҳар кардааст. Мақомот нагуфтанд, ки Олима Камолова кай ба Тоҷикистон оварда шуд. Наздиконаш мегӯянд, танҳо моҳи августи имсол аз овардани Олима ба Тоҷикистон хабардор шуданд. Вале дар қарори суди шаҳри Ваҳдат омадааст, ки санаи иҷрои ҷазо нисбат ба Камолова аз 12-уми июли соли 2021 ҳисоб карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *