Муҳокимаи Толибон дар масҷидҳои Тоҷикистон
Муҳокимаи Толибон дар масҷидҳои Тоҷикистон Имомхатибон дар масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа аз ҳарфҳои роҳбарони “Толибон”(дар Тоҷикистон мамнӯъ) шадидан интиқод карда, ҳудуди ним соати хутбаи худро ба мавзуъ бахшиданд. Дар вақти хутба, ки он ҷо хабарнигори “пресса.тҷ” ҳузур дошт, нахуст ба ин ишора шуд, ки “Толибон” бо сиёсатҳои худ Афғонистонро дар инзивои байналмилалӣ қарор доданд ва айни замон ҳеҷ кишвари дунё омода нест, ки ҳукумати “Толибон”*ро ба расмият шиносад. “Давлатҳое чун Фаронса, Русия, Амрико, Олмон, Туркия, Италия, Ҳиндустон, Дания ва амсоли он рӯирост изҳор доштанд, ки ҳукумати “Толибон”* дар чунин шаклу шева аслан қобили қабулу пазириш нест. Ҳатто давлатҳое, ки низомашон исломӣ аст, мисли Эрону Арабистони Саудӣ ҳам ҳукумати “Толибон”-ро қабул надоранд”,-гуфт имом хатиби масҷиди Қалами Шикори шаҳри Душанбе. Имомхатиб дар такя ба суханрониҳои Президенти дар мавриди он, ки Тоҷикистон ба тақдири халқи ҳамсоя бетараф буда наметавонад ва дар асоси қонунҳои байналмилалӣ талош мекунад, то ҳуқуқу манфиати тоҷикон дар канори халқу миллатҳои дигар таъмин ва ҳифз шавад, ба намозгузорон гуфт Ҳамчунин, суханони Мулло Бародарро дар бораи “дахолати ноҷо” – и Тоҷикистон дар умури Афғонистонро “ғайримантиқӣ” ва “туҳмат” гуфта, нисбати таҳдиди роҳбарияти “Толибон”,ки “ҳар амал аксуламале дорад”, ишора намуд,ки ин худ баёнгари ифротӣ будани ҳукумати ташкилкардаашон дар Афғонистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ