Акнун дари Туркия ҳам ба рӯи ҲНИТ баста аст
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон-“Ховар” хабар додааст, ки Туркия аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз қаламраваш бадарға кард.
“Ховар” ин хабарро аз қавли Алӣ Азизоғлу, корманди Вазорати корҳои дохилии Туркия нашр карда, афзудааст, “мақомоти онҳо дастур гирифтаанд, ки тарафдорони ҲНИТ-ро дар қаламрави Туркия дубора роҳ надиҳанд”.
Манбаъ аз қавли Алӣ Азизоғлу илова намудааст, ки мақомоти Туркия таърих, фаъолият ва сохтори ҲНИТ-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ воқеан ҳам ба Ҷумҳурии Туркия хатари ҷиддӣ дошта, аз созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен фарқе надорад. Хабаргузории давлатии Тоҷикистон аз изҳороти корманди Вазорати умури дохилаи Туркия чунин иқтибос овардааст: “Бино ба пешниҳоди ҷониби Туркия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои таълимии марбут ба созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюленро бастанд. Ҷумҳурии Туркия низ барои рушди муносибатҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм аъзои созмони террористии ҲНИТ-ро аз ҳудуди Туркия хориҷ намуданд”.
Ба гуфти ҳамсуҳбати хабарнигори “Ховар” мақомоти низомии кишвараш дигарбора террористони наҳзатиро дар Туркия қабул намекунанд.
Ин иттилоъ дар ҳолест, ки ахиран Тоҷикистон хостори террористӣ-экстремистӣ эълон шудани ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони “Гуруҳи 24” аз сӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.
Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, гарчанде аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудани “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24” муддати зиёд сипарӣ шуд, то ҳол ин ташкилотҳо аз ҷониби бархе давлатҳо ҳамчун ҳизбу ҳаракати ба истиллоҳ оппозитсионӣ дониста шуда, дар баъзе давлатҳо ба аъзои он паноҳгоҳи сиёсӣ низ дода мешавад.
Талбакзода аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки ҳатто кишварҳои узви СПАД дар террористӣ эълон кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба таъхиркорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ гуфт, шомил кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба феҳрасти ягонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, мақомоти кишварҳои узвро водор мекунад, ки барои боздошту истирдоди аъзои ҲНИТ-у «Гуруҳи 24» чораандешӣ кунанд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24”-ро террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ