Дарро задам шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент кафид

Чаро муовини вазири нақлиёт аз баёни воқеият худдорӣ мекунад?

  • Шумо хабар доред, ки роҳи Айнӣ – Панҷакент фурӯ рафт? бо ҳаяҷон занг зад нафаре ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон».
  • Не, рӯзи душанбе як корманди мо аз шаҳри Панҷакент баргашта буд. Роҳ хуб, ҳеҷ ҳодисае сурат нагирифтааст, — посух додем ба савол.
  • Ба воҳимаи расонаҳои хабарии хориҷӣ назар андозед, воқеиятро мефаҳмед, гуфту гӯшакро гузошт хамсухбати мо .

Воқеан ҳам, дар расонаҳои интернетии хориҷӣ хабари воҳимаангези фурӯ рафтани қисме аз роҳи тозабунёди Панҷакент-Душанбе интишор гашта буд.

Мо ба ин бовар накардем ва фавран пайи дарёфти воқеият шудем. Дар IRS ба мо гуфтанд, ки ин роҳ ба ширкат ҳеҷ иртиботе надорад. Ин гуфта воқеият дошт. Кормандони ҳафтанома бо онҳое, ки бо ин роҳ рафтуомад доштанд, иртибот гирифтанд.  Мо нашри  “Тоҷикистон”-ро соате чанд мавқуф гузоштем ва хостем овозаҳои ботилро аз сари мардум дур созем ва ҳақиқатро ба онҳо расонем. Аввалин коре, ки  кардем, иртибот бо хукумати  ноҳияи Айнӣ буд. Аз котиба хоҳиш намудем, ки моро бо раиси нохия пайваст кунад. Ӯ изҳор намуд, ки раис ба кадом ҷамоате барои мулоқот бо сокинон рафтаанд. Хоҳиш намудем бо ягон нафар аз масъулини ноҳия моро пайваст созад. Котиба иртиботи моро бо як нафар аз масъулин барқарор сохт:

  • Худро муаррафӣ созед, – хоҳиш кардем аз ӯ.
  • Ман Қосимов Акрам Соҳибович, — гуфт ӯ.
  • Чи кора ҳастед?
  • То ҳамин лаҳза муовини якуми раиси ноҳия будам.

Мо  посухи ӯро шӯхӣ фаҳмидем ва пурсидем:

  • Аз ин ба баъд чӣ?
  • Нафақахӯр. Маро имрӯз ба нафақа гусел карданд.
  • Ҳодиса дирӯз сурат гирифтааст. То дирӯз муовини раис будед. Воқеият чист?
  • Воқеан ҳам дар километри 32 –и шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, дар сурххоки рӯ ба рӯи деҳаи Урметан замин лағжида(ярч) пеши роҳро бастааст.
  • Ҳудуди чанд метр ва чанд куб хок фаромадааст?
  • Кӯҳ барин, хеле калон, намедонам сад метр аст ё аз он зиёдтар. Вале аз паҳлу зуд роҳ кушоданд. Ба ҷои ҳодиса муовини вазири нақлиёт омада буд. Беҳтар аст, ки аз ӯ пурсед.

Мо ба Вазорати нақлиёт занг задем. Сурат гирифтани чунин ҳодисаро тасдиқ намуданд. Ва гуфтанд, ки хуб мебуд бо муовини вазир Рустам Вализода, ки дар ҷои ҳодиса буд, иртибот гирем. Ӯ метавонад маълумоти дақиқ диҳад. Телефони ӯро пайдо кардем.

  • Шумо Вализода?
  • Бале.
  • Мо аз идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”. Бубахшед, ҳодисаи фурӯ рехтани хок дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент кай ва чӣ гуна сурат гирифт ва ҳаҷми он чанд метри кубиро ташкил медиҳад?
  • Шумо ба газетаи “Нақлиёт” занг занед, ҳамаашро бароятон мегӯянд.
  • Мо ҳам нашрия ҳастем ва мехоҳем посух аз забони шахси расмӣ ва мутасаддӣ сурат гирад. Шумо муовини вазир ҳастед, дар ҷойи ҳодиса будед. Аллакай дар бораи ин ҳодиса овозаҳои дурӯғу рости зиёд паҳн шудаанд. Агар шумо расман онро шарҳ медодед, забони ҳангоматалабон баста мешуд.
  • Ман гуфтам -ку ба сармуҳаррир муроҷиат кунед, вай ҳамаашро шарҳ медиҳад.
  • Бо ӯ чӣ гуна иртибот гирем?
  • Намедонам. Ман одам дорам, вақти гапзанӣ нест.

Дубора бо хукумати  ноҳияи Айнӣ иртибот гирифтем. Онҳо зикр карданд, ки ин роҳ ба онҳо алоқа надорад. Лоиҳае ҳаст бо номи  “Роҳи Айнӣ-Панҷакент”. Масъули он Анзур ва телефонашро ба мо доданд. Телефон гоҳҳо масруф ва гоҳҳо ба занг ҷавоб намедод. Мо умед аз иртибот гирифтан бо ӯ кандем ва такя ба манбаъҳои ғайрирасмӣ кардем. Мувофиқи он, ҳудуди беш аз 200 метр домани кӯҳ ба роҳ фурӯ рехта, роҳро вайрон кардааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин ҳодиса бар асари бориш сурат гирифтааст. Ҷои зикр аст, ки ҳодисаи фурӯ рехтани ин қисмати роҳ тӯли 30 соли охир пайваста сурат мегирифт. Соле набуд, ки ин роҳ ба лойдон мубаддал нашавад ё қисм-қисм фурӯ наравад. Албатта, то тадқиқи ин ҳодиса ва ҷамъбасти хулосаи мутахассисон ҳарфи мушахасе наметавон гуфт. Аммо як чиз мусаллам аст: ҳангоми кашидани лоиҳа ва сохтмони роҳ бояд таърихи ин роҳ, мушкилоти онро ба эътибор мегирифтанд,  зеро ба мо одат шудааст, ки баъд аз ҷанг мушт ба сина занем. Як нуктаи дигарро мебояд зикр намуд: чаро шахсони расмӣ хоҳ дар сатҳи ноҳия бошад, хоҳ ҷумҳурӣ аз гуфтани ҳақиқат, ба дӯш гирифтани масъулият метарсанд. Магар бо ин корамон равған ба оташи душманони давлату миллатамон намерезем?

Бозсозии шоҳроҳи Айнӣ –  Панҷакент дар соли 2012 оғоз гашта буд. Барои сохтмони он аз ҷониби Бонки осиёии рушд  100 миллион доллари ИМА, 14 миллион доллар кумаки ОПЕК (Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт) ва 1,2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон сарф шуда буд. Масъулияти тармим ва бозсозии ин роҳро ширкати «СансиянБейсин”-и Чин бар уҳда дошт. Расми ифтитоҳи роҳи Айнӣ-Панҷакент бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 октябри соли 2015 доир гардида буд.

(Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *