Акнун вазъи кӯли Сарез беҳтар омӯхта мешавад

16-уми декабри соли 2021 дар қаламрави Раёсати кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои системаи нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ин таҷҳизот тобистони соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуда буд.

Дар ин маросим раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, директори кишварии Бонки осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шани Кэмпбелл, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муқими кишвар ширкат намудаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда маросимро ифтитоҳ намуда, ба Бонки Осиёии Рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ барои ҳамкориҳо изҳори сипос намудаву таъкид кардааст, ки системаи нави насбшуда, ки ҳатто хурдтарин тағйиротро дар низоми онлайн ироа мекунад, имкон медиҳад, ки вазъи кӯл беҳтар омӯхта шавад ва бехатарии аҳолӣ дар сурати рух додани  ин ё он офати табиии эҳтимолӣ таъмин карда шавад.

Дар навбати худ хонум Шанӣ Кэмпбелл аҳамияти татбиқи ин лоиҳаро қайд намуда, ба омодагии БОР барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда таъкид намудааст.

Дар анҷоми қисми расмӣ намоиши имконоти системаи нави мониторинг ва огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез сурат гирифтааст. Ҷаноби Рассел Боулз, мушовири байналмилалии Лоиҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ тавонмандиҳои системаи навро дар низоми онлайнт намоиш дода ба, суолҳои мавриди таваҷҷуҳ посух гуфтааст.

— Қобили зикр аст, ки низоми нав дар марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад. Пештар аз ин то ноҳияи Рӯшони ВАБК системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (сирена, алокаи радио) гузошта шуда буд. Таҷҳизоти нав аз системаи интиқоли маълумотҳои моҳвораӣ, системаи пешгӯӣ, системаи назорат ва системаи огоҳкунанда иборат аст,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *