“Мармарӣ” назаркардаи Худост?

Ҳукумати Тоҷикистон «Мармарӣ«, ширкатеро ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Созишномаро дар ин маврид Мирзобиддин Нугманов, мудири “Мармарӣ” ва Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябри 2021 имзо кардаанд.

Ширкат аз пардохти аксар андозҳо ба муддати 7 сол пурра озод шудааст. Ин гуна имтиёзҳо ширкатро дар баробари рақибонаш дар бозори дохилӣ, ки вазифадоранд, андоз диҳанд, дар мақоми истисноӣ қарор медиҳад.

Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти

  • андоз аз фоида;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андози замин;
  • андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.

Дар иваз ширкати “Мармарӣ” уҳдадор шудааст, бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи паррандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион парранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд.

Дар расми кушодани фермаи чорвопарварии “Мармарӣ” дар Ёвон, коргоҳи мурғпарварӣ дар Данғара ва забҳгоҳи он дар Душанбе низ шахсан Президент  Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *