Акрамшо Фелалиев бо Гопи Шах мулоқот кард

Имрӯз, 25 апрел муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо машваратчии байналмиллалии ташкилоти маблағгузории иҷтимоии Британияи Кабир хонум Гопи Шах мулоқот намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов дар мулоқот  вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Акрамшо Фелалиев иброз намуд, ки ташкилоти ғайридавлатии Шумо дар панҷоҳ кишвари калонтарини дунё намояндагии худро дошта ба масъалаи таъмини оби ошомидани ба аҳолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Қисмати зиёди лоиҳаҳои Шумо дар вилоятҳои Хатлону Суғд босамар татбиқ шуда истодаанд.

Акрамшо Фелалиев ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Машваратчии байналмиллалии ташкилоти маблағгузории иҷтимоии Британияи Кабир хонум Гопи Шах ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *