Волочкова ба як оилаи тоҷик сарпаноҳ додааст

 

Анастасия Волочкова, балеринаи машҳури Русия як оилаи муҳоҷири тоҷикро дар манзили худ сарпаноҳ додааст. Зану шавҳар Рустам ва Лолита, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, чандест дар манзили Волочкова иқомат мекунанд. 

Сомонаи «sobesednik.ru» менависад, ки Анастасия Волочкова баъди шунидани саргузашти ин хонавода онҳоро барои иқомати доимӣ ба хонааш даъват кардааст. «Волочкова дар бораи мушкили ин оила, ки мисли садҳо муҳоҷирони дигар барои кор омада, бе сарпаноҳ мондаанд, тасодуфан хабардор шудааст. Онҳо ҳатто барои иҷораи хона маблағ надоштанд. Лолита, ҳамсари Рустам дар ин вақт ҳомиладор буд”. Ҳамин тавр ӯ Рустам ва Лолитаро барои зиндагӣ ба хонаи худ даъват мекунад.

Пайвандони балерина гуфтаанд, ки ӯ раҳмдилу меҳрубон аст, аммо сарпаноҳ додан ба як оилаи тоҷикро ҳеҷ гоҳ интизорӣ надоштанд.

 Волочкова ба ин оила ду ҳуҷра ва меҳмонхонаеро ҷудо кардааст, ки онро ҳатто маскавиҳои таҳҷойӣ орзу мекунанд, менависадю, манбаъ.

 «Бо кӯмаки Волочкова Лолита дар таваллудхона зери назорати табибони хуб таваллуд кард ва ҳоло бо шавҳар ва духтарчааш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунанд. Ӯ хурсанд аст, ки аз хонааш хандаи кӯдак баланд мешавад ва ҳама ҷиҳози лозимро барои ӯ дареғ намедорад. Рустам ва Лолитаро бошад, дар хонааш ба кор гирифтааст. Вай оилаи Рустам ва Лолитаро қисме аз хонаводаи худ медонад ва ҳама идҳоро якҷо ҷашн мегиранд.”- менависад,  «sobesednik.ru»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *