Актёри тоҷик дар филмҳои Русия

Банаворгирии серияҳои навбатии филми “Наш спецназ» бо иштироки актёри бомаҳорат ва умедбахши тоҷик Ардамеҳр Вориси Алишод идома дорад.

Ҷавонписари тоҷик дар ин филмномаи бисёрсериягӣ яке аз нақшҳои асосӣ — нақши Асетро мебозад.

Ин нақши сеюми офаридаи Ардамеҳр дар филмҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ардамеҳр дастпарвари риштаи актёрии Донишкадаи кино ва телевизиони шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия мебошад.

Қобили қайд аст, ки соли 2020 филми Ардамеҳр «666» дар озмуни байналмилалӣ байни филмҳои кӯтоҳи донишҷӯён сазовори ҷои дувум ва мукофоти озмун гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *