Лионел Месси як мавсими дигарро дар “ПСЖ” мегузаронад

Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси як мавсими дигар дар “ПСЖ”  мемонад. Дар ин бора Sports.ru хабар дод.

Аргентинӣ тасмим гирифтааст, ки шартномаро бо бошгоҳи Париж то соли 2024 тамдид кунад ва дар охири мавсими оянда ба “MLS” гузарад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Месси мехоҳад дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 ширкат кунад ва аллакай дар ин бора Ассотсиатсияи футболи Аргентина (AFA)-ро огоҳ кардааст.

Шартномаи феълии Месси бо “ПСЖ” то охири мавсими имсола баста мешавад.

Ҳама клубҳои “MLS” омодаанд ба Месси як қисми маошро пардохт кунанд, новобаста аз он, ки ӯ кадом дастаро интихоб мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *