Бибигулбонуи 110-сола. Дарозумртарин сокини Мунк

Баробари ба ҳавлии яке аз бошандагони ноҳияи Ховалинг (шаҳри қадимаи Мунк) ворид шудан моро момаи солору болобаланд ва чеҳрагарме истиқбол гирифт. Ҳеҷ бовариат намеояд, ки ин зани зиндагидида ба баҳори 110-уми хеш қадам мондааст.

Ӯ Гулбону Салимова ном дошта, дар оғӯши деҳаи Курнайча, болотари деҳаи машҳури Мазори Ҳазрати Султон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар оилаи акаи Салим ва апаи Гулбӣ ба камол расиду дар ҳамин деҳа бо Абдурауфи паҳлавону ҳофиз хонадор шуд. Бо доираю найи бобои Қаландари Тағои ҳофиз арӯсашро ба ҳавлии Абдурауф оварданд. Ҳарчанд замона пуршӯру шар ва вазнин ҳам бошад, шаҳу арӯси ҷавон зиндагии хушу осудаҳолонае доштанд. Имрӯз аз тӯйи онҳо 90 сол гузашт. Ҳашт фарзандро ба камол расонданд. Калониаш Тоҷиддин, аз паси ӯ писарҳо ва кенҷагиашон Ҳуринисо буданд. Имрӯз танҳо Ҳуринисо зинда буда, ӯ дар деҳаи Доробӣ истиқомат дорад.

Баъдҳо оилаи апаи Гулбоную ҳамдеҳагонашонро муҳоҷир карда, ба таҳдашт бурданд. Он солҳо ин водии пурфайз, куҳану таърихӣ 88 деҳа дошт. Имрӯз ин шумора ба 59 деҳа расидааст. Ба қаҳтию сахтиҳо нигоҳ накарда, мардум дастархони пурбаракате доштанд. Чарогоҳҳои зиёд дар ихтиёри мардуми чорводор буд. Гуфти гапҳо, қаймоқу шир, дӯғ, қурутоб, равғани зард, зағир, мош, наск, нахӯд, тути заминӣ, кунҷид байт мегуфт.

Оилаи момаи Гулбону баъди якчанд вақт рӯ ба диёри Ховалинг оварданд. Дар маркази ноҳия зиндагиро ихтиёр карданд. Фарзанди калони Тоҷиддин соҳибмаълумот шуда, то ба вазифаи раиси ноҳия расид. 15 сол бо ин мардум ҳамдаму ҳамроҳ буд.

Раиси Тоҷиддин бо ҳамсараш соҳиби 9 фарзанде гардиданд, ки имрӯз номбардори онҳоянд. Саймуъмин имрӯз муовини аввали раиси ноҳия, Алиҷон сардори ШВКД-и ноҳияи Спитамен, Носирҷон прокурори шаҳри Хоруғ, Толибҷон муовини сардори Раёсати молияи Ховалинганд. Духтари дигар — Ҳуринисо соҳиби дару хонаи хешанд.

Момаи Гулбону соҳиби 30 набераю 20 абера буда, ҳангоми хайрухуш ба мо чунин дуо дод:

Бисмилоҳи раҳмони раҳим! Илоҳи омин, шукронаи Худо, дафъи кулли балоҳо, хайрияти қадамҳои шумо, Худовандо ҳамаи моро баракати Ҳазрати Хуҷаи Хизрро муяссар бигардонад, шуморо ҳам мисли ман умри дарози пурфайзу баракат диҳад, Худовандо Тоҷикистони моро тенҷию амонӣ диҳад, Парвардигор подшоҳи некбахти мо Эмомалӣ Раҳмонро дар болои сари мо ҳамеша соябон гардонад, ба ӯ умри дароз, тенҷию амонӣ, сулҳу салоҳро орзумандам. Худовандо, фарзандони мо, ки дар хориҷи кишвар кор карда истодаанд, бо дасти пур ба Ватани маҳбубамон баргарданд, рабл оламин. Хайр, дар амони Худо бошед!

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *