«Ал-Ҳилол» гаронарзиштарин бозигари «Зенит»-ро мехарад

ТВ “Варзиш” бо истинод ба маълумоти Ariyadhiah хабар дод, ки «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо «Зенит»-и Санкт-Петербург дар мавриди гузариши Малком ба мувофиқа расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, «Ал-Ҳилол» ба ҷониби «Зенит» пешниҳоди истисноӣ оид ба харидории бозигар кардааст. Ин ҳафта Малком пеш аз имзокунии шартнома бо тими саудӣ аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

Малком ба сафи «Зенит» тобистони соли 2019 аз «Барселона»-и испанӣ гузариш намуда, тобистони соли 2022-юм бо тими петербургӣ шартномаи нави дарозмуддат имзо кард. Дар сафи «Зенит» бозигари бразилӣ қаҳрамони чоркаратаи Россия гардида, ҳамчунин як маротибаи дигар Ҷоми Россия ва се маротиба Суперҷоми ин кишварро баранда шудааст. Зимистони соли 2023 Малком шаҳрвандии Россияро гирифта буд.

Дар мавсими-2022/2023 Малком беҳтарин нишонзани Премер-Лигаи Россия эълон гардид. Дар 27 бозии тимаш ӯ бо 23 гол ва ҳафт партофти голӣ аз майдон берун шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *