Ноҳияи Рӯдакӣ: тифли навзод дар партовгоҳ

Дар як партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тифли навзод дарёфт шуда, ҳангоми бурдан ба бемористон ҳалок шудааст. Ин ҳодисаи даҳшатовар сарусадои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард.

Маълумот дар бораи ин ҳодиса бори аввал дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар саҳифаи Ирода Акрамова нашр шуд.

Дар навиштаи худ ӯ чунин хабар дода буд: “Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодисаи мудҳиш рух дод. Дугонаам дар партовгоҳ тифли навзод ёфтааст. Ӯро дар рег гӯр кардаанд, то касе набинад ва ӯ ҳалок шудааст. Вай кӯдакро ба милитсия дода, онҳо ӯро ба беморхона бурданд. Мутаассифона, бар асари гармии шадид ва бе об мондани ҷисм, кӯдак фавтид. Тафсилотро ҳоло намедонам, шояд дугонаам дертар дар ин бора нависад”.

ВКД ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст.

Pressa.tj қазияро пайгирӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *