Ҷаласаи якҷояи ВКД Тоҷикистон ва ВКД Русия
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Пас аз анҷоми ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович барои шумораи зиёди рӯзноманигорони Васоити ахбори омма Нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Рӯзноманигорони Васоити ахбори омма оид ба ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир, инчунин доир ба чораҳои андешидашуда ҷиҳати такмил додани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба тақвият ёфтани ҳамкориҳои судманд, рушди муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ