“Модар”-и Ӯзбекистон ва “Номус”-и Тоҷикистон дар “Зебунисо”

Имрӯз дар доираи кинофестивали ҳаштуми байналмиллалии “Дидор” дар кинотеатри “Зебунисо”-и пойтахт намоиши филмҳои истеҳсоли  Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон ва Қирғизистон дар назар аст.

Шумо метавонед, тӯли рӯз ба таври ройгон дар кинотеатри “Зебунисо” филмҳои зеринро тамошо кунед:

Аз соати 10 то 12:00:

Филмҳои бадеии “Модар” ва “Субот”-и истеҳсоли Ӯзбекистон.

Аз соати 12 то 14:00:

Филмҳои бадеии “Номус”-и Абулҳай Зокиров ва “Бозии тақдир”-и Муҳаммадрабии Исмоил, истеҳсоли Тоҷикистон.

Аз соати 14 то 16:00:

Филми бадеии “Боғи Анор”-и коргардон Илҷар Наҷаф, истеҳсоли Озарбойҷон.

Аз соати 16 то 18:00:

Филми бадеии “Нуқтаи тиллоӣ” –и истеҳсоли Эрон.

Аз 18 то 20:00:

Филмҳои бадеии “Умр” ва “Саякбой”-и Қирғизистон.

Филмҳои мазкур дар толори калони Кинотеатри “Зебунисо” ” ( воқеъ дар минтақаи ДОК, ш. Душанбе, хиёбони С. Айнӣ 131)   ба намоиш гузошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *