Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ  ба Тоҷикистон меояд

Пагоҳ,  23 май  муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов  хабар додааст,  дар назар аст, ки  Алекен Еминбахэ  бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот  намояд.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ  аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз» ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»,  майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *