Ёвон: “Спетамен бонк” маркази хизматрасонӣ кушод

Дар шаҳраки Ёвон маркази хизматрасонии муштариёни “Спетамен бонк”  ба фаъолият шурӯъ кард. Дар маросими кушодашавии марказ  Сайфуллозода Сулаймон, муовини Раиси Раёсати ҶСП “Спетаменбонк” ва директорони филиалҳои бонки мазкур, ҳамчунин сокинони шаҳраки Ёвон иштирок доштанд.  

 

Ҳусейн Абдураҳмонов,

намояндаи бонки мазкур  дар  суҳбат ба сомонаи “tajikistantimes. соm”  қайд кард, ки бо дастгирии доимии  Бонки миллии Тоҷикистон  ва Раёсати Спетамен бонк дар шаҳраки Ёвон маркази хизматрасонии бонкӣ кушода ба истифода дода шуд. Айни замон 12 филиалу марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият мекунад. Мақсади асосии Спетамен бонк қонеъ гардонидани талаботи мизоҷон, хизматрасонии бонкии аълосифат дастгирии соҳибкорон барои рушди фаъолияташон равон шудааст.

Эмомалӣ Файзализода, сокини ноҳияи Ёвон қайд кард, ки дар ноҳия чанд филиалҳои бонҳои гуногун фаъолият мекунанд. Боварии комил дорам, ки Спетамен бонк дар баробари фаъолияти хеш мардуми ноҳияро дастгирӣ намуда, дар беҳтар гардидани соҳаи соҳибкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Фарзона Наимова,

дар суҳбат қайд карда, ки дар бораи қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи кам ба муштариён додани Спетамен бонкро аз дигарон шунида буду ҳатто кӯшиш намуда буд, ки барои гирифтани қарз ба шаҳри Душанбе равад. Имрӯз ки дар маркази ноҳия ин бонк филиалашро кушод, хеле хушҳолем ва ба оянда низ некбин ҳастем.

 

Бобоеков, сокини дигари ноҳияи Ёвон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки кушодашавии боз як маркази хизматрасонӣ саривақтӣ буда, барои эҳтиёҷоти аҳолии ноҳия барои гирифтани қарзҳои дарозмуддат мусоидат мекунад. Умед дорам, ки дар оянда барои муштариёни хеш имтиёзҳоро роҳандозӣ менамоянд.

Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Спетамен Бонк” фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд “Спетамен Капитал” шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор, соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ гирифт.   Маркази хизматрасонии муштариёни “Спетамен бонк”, ки тлза ба фаъолият шурӯъ кард, аз шуъбаи қарздиҳӣ, қабули муштариён, хазина ва ғайраҳо иборат мебошад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *