Александр Паулов: Мирзоев ба касе халал мерасонд
Қазияи боздошти Саидасрор Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара, торафт пурсарусадотар мешавад. Адвокати ӯ Александр Паулов изҳор дошт, ки рӯзи 23 декабр Мирзоевро одамони дар тан камуфляж аз назди хонааш бардошта, ба сараш халта андохтаанд ва ба ҷангал бурда, латтукӯб кардаанд ва бо ҳамин ҳолат ба додгоҳ овардаанд.Суди и ноҳияи Советскийи шаҳри Самара худи ҳамон рӯз шаҳрвандии Русияи Саидасрор Мирзоевро бекор карда, ҳукми ихроҷи маҷбурии ӯ аз қалаврави Русияро баровард. Нашрияи маҳаллии «Волга-Нюс» хабар дод, ки дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти Мирзоев аз ҳуҷҷатҳои фиристодаи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода бурдаанд ва қарори ихроҷи ӯ аз Русия бо далели «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок карда шудааст. Ӯ раиси созмони “Пайванд”, молики ширкате бо номи “РНКАТСО” ва узви Шӯрои ҷамъиятиии сафорати Тоҷикистон дар Русия буд, ки асосан роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Русияро дар бар мегирад.
Александр Паулов, вакили мудофеи Саидасрор Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории «Таджинфо» гуфтааст, ки муваккили ӯ бо «фармоиш»-и кадом гуруҳе таҳти ҳадаф ва таъқиб қарор гирифтааст.
«Ӯро рабуданд, сахт латтукӯб карданд, ба сараш халта андохтанд ва гуфтанд, ки агар дар додгоҳ худро шаҳрванди хориҷӣ муаррифӣ накунад, ӯро мекушанд. Аз ин рӯ, вай маҷбур шуд, ки дар додгоҳ баёноти бардурӯғ дода, ба худаш таҳмат занад. Додгоҳ бар асоси асноди ироакардаи пулис ӯро 2 ҳазор рубл ҷарима баст ва қарори ихроҷашро баровард. Таъкид мекунам, ки он кормандони пулис, ки ӯро латтукӯб карда буданд, дар толори додгоҳ ҳузур доштанд ва Саидасрор аз ҷонаш тарсида, маҷбур шуд, ба зидди худаш баёноти бардурӯғ диҳад», – нақл кардааст Паулов дар суҳбат бо «Таджинфо».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ