Александр Проханов: «Роғун» — мӯъҷизаи зери замин (Видео)

Ҳангоми шикасти фоҷиавӣ мамлакати зебо рӯ ба таназзул оварда, ҳалок мешуд, даргириҳо  аланга мезад, халқҳои аз бадбахтӣ ақлгумкарда бар ҳамдигар дарафтода, заводҳою ташхисгоҳҳои илмӣ ба боди фано мерафтанд, таҷрибаи гаронбаҳои бародарии умумихалқӣ нобуд мешуд. Имрӯз, баъд аз ин шикаст Тоҷикистон сохтмони пуриқтидори НОБ-и “Роғун”-ро ба итмом мерасонад. Он назар ба “Норак” пуриқтидортару муассиртарин мебошад. Сарбанди бузургаш қуллаҳои кӯҳҳои атрофро ба ҳам пайваста, Вахшро бозмедорад ва неруи ноаёни онро ба умқи кӯҳҳо мебарад, ки он ҷо таркишҳо ғулғула меандозанд, корвони беохири мошинҳо равон буда, комбайнҳо бо бел дили кӯҳҳоро мекананд, дар толори мошинҳо аллакай агрегатҳои бузурге насб мешаванд, ноқилҳои кабелӣ мекашанд, ҳазорон шишаҳои асбобҳои пурқимат медурахшанд. Кӯҳҳо ғарқи ғулғула, рӯшаниҳои кафшерҳои барқӣ, ларзиши вибраторҳои бетонӣ, чеҳраҳои бисёри таги кулоҳҳои сафед мебошанд. Ба тавассути нақбҳо ҳаракат карда, тахайюлоти боҳашамати неругоҳро дарк  менамоӣ. Мекӯшӣ фаҳмӣ, ки нақбҳои бешумор то куҷо мебаранд, аз кадомини онҳо об сар мезанад, ба кадомашон хатҳои мисин кашида мешаванд, аз кадомашон ба неругоҳ агрегатҳои нав ба навро меоранд.

Дар ин ҷо тамаддуни зеризаминии беназир бунёд мешавад. Ривояти афсонавӣ эҳё мегардад, ки бо қавиҳайкалҳо маскун будани маркази Заминро тасдиқ мекунад. Онҳо ба ҷинсҳои мурдаи Замин рӯҳ мебахшанд. Неругоҳ самари тахайюли бузург аст. Он молики неруи эҷодбахши сайёравӣ мебошад. Табиати об аз обшавии яхҳои кӯҳӣ, боронҳои тунд, чашмаҳои таги  заминӣ иборат мебошад. Об гоҳе тамом мешаваду гоҳи дигар аз кӯҳҳо бо селҳо равон мешавад. Кӯҳҳо гоҳе бо зинаҳояш тӯда шуда, ба боло сар мекашанду гоҳе бо ҷариҳои бетаг тамом мешаванд, аз ҷунбиши замин меларзанд, аз ҷинсҳои болоиҳами мустаҳкам бо қумҳои равон ва қабатчаҳои нозуки намак ташаккул ёфтаанд. Ин ҳодисаҳоро ақлҳо такмил дода, баҳрҳо ва кӯҳҳои сунъиро месозанд, ба онҳо механизмҳои пурқиматро ворид сохта, он  ҳодисаҳои ноаёнро ба ҷараёни пурқуввати барқ табдил медиҳанд.

НОБ-и Роғун бо зебогӣ ва мураккабиаш тасхир менамояд. Ҳазорон бинокор шабонарӯзиҳо заҳмат кашида, ин зебогию неруро месозанд. Ин пастгоҳ на танҳо зебогии табиати такмилдодашуда, на танҳо рамзи муҳити техникии эҷодкор мебошад. Ин неругоҳ рамзи пирӯзӣ бар қуввати тахрибсози ҷанг, ақли кӯршудаи бехудӣ мебошад.

 

Ин ҷо дар домани Роғун ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ сар зада, Тоҷикистонро пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ захмину абгор кард. Ин ҷо, дар атрофи Роғун дар қишлоқҳо исломгароён исён бардоштанд. Дар ин ҷо бародаркушӣ шурӯъ ва хуни аввалин рехта шуд. Дар ин ҷо тӯпҳо оташ кушода, тасмачархҳои танкҳо шақар-шуқур садо бароварданд.  Аз ин ҷо юриши исломгароён  ба Душанбе паҳн шуда, шаҳрҳою боғотро ба хокистар табдил доданд, пулҳою сарбандҳоро тарконданд.

Ин неругоҳ рамзи зафар, ёдгории ҳалокшудагон, аломати оштӣ маҳсуб меёбад, ки дар он халқи даҳшатҳои бародаркуширо дида аз нав дар оғӯшҳо муттаҳид гардид. Ин неругоҳ сохтмони умумиҷаҳонист. Лоиҳаи онро муҳандисони бузурги Шӯравӣ кашида, дар он фаронсавҳо ва итолиёвиҳою немисҳо саҳм гузоштаанд. Дар ин ҷо мошинҳои Ҷопон, Германия, Беларус кор мекунанд. Дар ин ҷо славянҳову осиёгиҳо кор карда, аз он фарзанди дӯстдоштаи умумиро ба воя мерасонанд.

Ин неругоҳро тамоми халқи тоҷик месозад, на  сарватмандону на ширкатҳои хусусӣ. Ин сохтмони халқист. Деҳотиёни гӯшаҳои дуртарини кишвар як-ду, ҳатто то даҳ саҳмия доранд, ки онҳоро соҳибмулки неругоҳ мекунад. Ин кори умумии деринтизор аст, ки дорою камбағал, пиру ҷавон, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид кардааст. Ин заҳмати ояндасоз мебошад, ки дар он халқ беҳбудии худ ва амалишавии ормонҳои созандаашро мебинад.

Неругоҳ давлатҳои ҷавони Осиёи Миёнаро наздик мекунад, ки онҳо дар ҷисми империяи сурхи советҳо пайдо шудаанд. Давлатҳое, ки байни онҳо рақобатҳои куҳнаи гӯё абадан хомӯшшуда аз нав дар мегиранд. Давлатҳои бадгумону бадрашк ба комёбиҳои собиқ бародарон. Давлатҳое, ки гирифтори таъсири ҳамсоягони абарқудрат ва айёр мебошанд. Ӯзбекон ба бунёди неругоҳи “Роғун” бо рашку ҳасад назар меандохтанд. Чанде пеш онҳо тоҷиконро бо бадгумониҳо таъна мезаданд, ки онҳо мехоҳанд оби Вахшро баста, масоҳати калони заминҳои обёришавандаро дар Ӯзбекистон беоб мекунанд. Президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов талаб мекард, ки тоҷикон аз бунёди неругоҳ даст кашанд. Ӯ муҳосираро ба роҳ монда, неругоҳро аз роҳҳои таъминот маҳрум мекард. Душманӣ то ба ҳадде расида буд, ки ӯзбекҳо ба Роғун тайёраҳои худро фиристода,  ба сохтмонаш бомба партофтанд.

Шукри Парвардигор, ин ҳама сипарӣ шуд. Роҳбари нави Ӯзбекистон  далелҳои тоҷикон, ҳисобу китоби обшиносон ва муҳандисонро пазируфт, ки обанбор дар Роғун ҳамаи обҳои  пиряхҳо ва боронҳоро ҷамъ мекунад ва ҳангоми хушксолӣ боақлона ва аз рӯйи нақша обҳои зиёдатиро ба поён, ба маҷрои дарё равона месозад, то неругоҳҳои дигарро шодоб гардонад ва ҳазорон гектар замини нав мавриди истифода қарор бигирад.

Тибқи ҳисоби обшиносони тоҷик, як қисми оби дар ҷӯйбору обгузарҳои ӯзбекҳо истифоданашуда ба Қазоқистон ҷорӣ шуда, ба баҳри Арали бисёр азияткашида, ки дар чашми ҳама мехушкад, ҷорӣ шуда мерасад ва ташнагиашро мешиканад.

НОБ-и «Роғун» сохтмони президентӣ буда, дастранҷи бақадртарини  Президент Эмомалӣ Раҳмон ба шумор  меравад. Ӯ онро ҳамчун ёдгоре аз бунёдкориҳои  худ мерос мегузорад. Ӯ аз тамоми ҷаҳон бинокорону муҳандисонро гирд оварда, буҷети мамлакатро чунон ба назар гирифтааст, ки барои сохтмони НОБ аз он ягон доллари қарзӣ сарф нашудааст. Ҳамаи пулҳо, ҳамаи захираҳои тоҷикии аз ҷониби халқи Тоҷикистон  ғункарда, ки баъзан худро аз эҳтиёҷоти заруртарин маҳрум сохтаанд, то ин неругоҳи бемислро бисозанд.

Президент  Раҳмон пешвои маънавӣ ва сиёсӣ, ки дар миёни оташи ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ зода шудааст, ин ҷангро хомӯшу ром намуд ва кишварро ба коми исломгароёни ақлгумкарда напартофт. Ӯ ба ғолиби қасосгир табдил наёфт, балки халқро барои бунёди кишвари нав муттаҳид намуд, пойтахти давлат – шаҳри Душанберо дигаргун сохт, ба шаҳри биноҳои ҷаззоб, донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва осорхонаҳо мубаддал кард.

Таҳти сарварии ӯ тирпаррониҳо қатъ гардид, бо дастури  ӯ  боғҳо шинонданд, дар доманакӯҳҳо плантатсияҳои нави ангуру себ ва олуча ба самар расиданд. Ӯ дар кишвар роҳҳои азим сохт, дар кӯҳҳо нақбҳо канд, то гӯшаю минтақаҳои дуртарини тоҷиконро, ки ҳангоми сели  баҳорӣ ва тармаи зимистона аз марказ  қариб ним сол канда мешуданд,  бо марказ пайваст.

Президент  Раҳмон артиши миллиро, ки якҷо бо қӯшунҳои Созмони ҳамкории дастаҷамъии амният (ОДКБ) ва базаи ҳарбии 201-уми дар Тоҷикистон мустақари Русия пеши рахназаниҳои ҷангиёни ДИИШ-ро аз Афғонистон мегирад, месозад. Мақсад ҳифзи на танҳо Тоҷикистон аст, инчунин кулли Осиёи Миёна мебошад, ки ба он радикалҳои исломӣ чашм ало доранд ва мехоҳанд Тоҷикистонро ба қассобхонаи хунин табдил диҳанд.

Сохтмони «Роғун» – ин ҷомаи амал пӯшондан ба орзуи тоҷикон дар бораи кишвари шукуфону ободон, ҷамъияти некуаҳвол, арзишҳои воло мебошад, ки ҳамаашонро фарҳанги бузурги тоҷикон, назму мусиқии он фарогир мебошад.

Пас аз як сол сохтмон ба итмом расида, турбинаҳои пуриқтидор ба кор медароянд ва нуре, ки онро шоирони бузург ва паёмбарон пешгӯйӣ намудаанд, Тоҷикистонро мунаввартар месозад, нури муқаддасе, ки ҷаҳонсозӣ барои мардум ҳадя намудааст.

Тарҷума аз рӯзномаи «Завтра»

 

Рогунский взлёт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *