«Дӯстӣ» ғолиби вилояти Хатлон

Тими  «Дӯстӣ» -и ноҳияи Ҷайҳун ғолиби минтақавии мусобиқа дар байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон гардид.

Мусобиқаи лигаи дуюм дар минтақаи Хатлон бо иштироки 12 даста ҷараён дошт. Барои медалҳо дастаҳои   «Моҳир» (Ёвон), «Парвин» (Бохтар), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Шоҳин» (Муъминобод), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Пахтакор» (Қубодиён), «Вахши Зарнисор» (Вахш), «Ҷиликул» (Дӯстӣ), «Хӯҷа Машҳад», «Чашма» (ҳар ду – Шахритус) ва «Хуросон» (Хуросон) мубориза бурданд.

Медалҳои тилло аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои 22 бозӣ насиби футболбозони «Дӯстӣ» гардид, ки 55 хол ба даст оварданд. Ҷайҳуниҳо дар 18 бозӣ ғолиб омада, 1 мусовӣ бозида, 3 бозиро бохтанд. Таносуби тӯбҳояш 74-30 мебошад. «Шоҳин»-и Муминобод ҷойи дуюм ва медалҳои нуқра, «Моҳир»-и Ёвон ҷойи сеюм ва биринҷиро сарфароз гардиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *