Алексей Забозлаев ҷониби Тоҷикистонро ба IT-форум даъват кард
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Губернатори ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграи Федератсияи Россия Забозлаев Алексей мулоқот кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграро баррасӣ намудаанд.
Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак қайд карда шудааст.
Ҳамзамон, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
А. Забозлаев ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок кардан дар IT-форум, ки баргузории он 7-9-уми июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намудааст.
— Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханты-Мансийск-Югра изҳор карданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ