Гумон: Усто ба ҷойи таъмир духтари ноболиғро таҷовуз карду ба қатл расонид (аудио)

Сомонаи Your.tj аз қавли дафтари матбуоти РВКД-и Душанбе хабар медиҳад, ки як сокини пойтахтро бо ҷурми таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир кардаанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, боздоштшуда ин ҷиноятро рӯзи 28-уми феврал содир карда, ҷасади духтарро бошад, рӯзи 9-уми март бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз байни курпаҳо пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки соҳибхона ӯро ба ҳайси усто даъват карда, мебоист ин мард манзилро таъмир мекард.

Аммо пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, гумонбаршуда духтари ноболиғи ин хонаро, ки дар ҳуҷраи дигар будааст, таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯйпӯш намудани ҷинояташ духтарро бӯғӣ карда мекушад ва байни курпаву курпача пинҳон намуда, фирор мекунад.

Нисбати боздоштшуда тибқи моддаи 104, қисми 2-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мувофиқи ин модда гумонбарро аз 15 то 25 сол ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *