Алексей Навалний ба ҳабс маҳкум шуд

Додгоҳи Русия амр додааст, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ва фаъоли мубориза бо фасод барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шавад. Ӯро рӯзи 27-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд.

Пештар аз ин ҳукм, Алексей Навалнийро барои ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ 20 ҳазор рубл ва ё 350 доллар ҷарима бастанд. Навалний рӯзи 26-уми март пеш аз онки ба тазоҳургарон дар Маскав бипайвандад дастгир карданд. Ӯ аз мардум хоста буд барои ширкат дар раҳпаймоӣ ба зидди фасод ба кӯчаҳо бароянд.

Мақомоти Русия ба Алексей Навалний иҷоза надода буданд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот ташкил кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, тазоҳурот метавонист, сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Навалний гуфтааст, ки иддао асос надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *