«Мама-роза»-ро дастгир карданд

Пулиси Туркия мегӯяд, ташкилкунандаи шабакаи фоҳишахонаҳое, ки дар онҳо занон аз Узбекистонро маҷбур ба танфурӯшӣ мекарданд, дастгир шудааст. 19 шарики ин зани 36-солаи узбек низ дастгир шуда, 21 занро аз асорати ин шабака дар Истамбулу Коҷаалӣ озод кардаанд.

Пулиси Туркия рӯзи 18 март баъд аз пайгирӣ ва назорати тӯлонӣ болои 76 манзил дар шаҳрҳои Истамбулу Коҷаалӣ амалиёт гузаронда, 19 нафарро бо иттиҳоми ба танфурӯшӣ маҷбур кардани занони зодаи Узбекистон дастгир кард. Матбуоти Туркия аз қавли пулис хабар дод, ки дар ҷараёни ин амалиёт 21 занро, ки таҳти истисмори ҷинсӣ қарор доштанд, раҳо кардаанд.

Раҳбарии ин шабакаро як зани 36-сола, ки шаҳрванди Узбекистон аст, дар даст доштааст. Аз ин зан танҳо М.Ш. ном бурда мешавад.

Ин раҳбари шабакаи фоҳишахонаҳоро рӯзи 7 феврал замоне дастгир кардаанд, ки ӯ мехост аз фурудгоҳи Отатурки Истамбул ба Тошканд парвоз кунад. Бахши ахлоқии пулиси Туркия баъди бозпурсии ин зан дар бораи мавҷудияти як шабакаи бузурги танфурӯшӣ бо ҷалби занон аз Узбекистон хабар ёфта, ба таъқиби ин 76 фоҳишахона пардохтааст.

Матбуоти Туркия мегӯяд, дар рӯзи амалиёти аввал дар Истамбулу Коҷаалӣ 14 далла, аз ҷумла 3 зан дастгир шуданд. 5 нафари дигарро баъдан дастгир кардаанд. Аз ин афрод се пистолет ва ду компютер мусодира кардаанд. Дар ин компютерҳо маълумот дар бораи муштариёни ин фоҳишахонаҳо пайдо шудааст.

Матбуоти Туркия аз қавли пулиси ин кишвар менависад, ки ин занонро аз Узбекистон бо ваъдаи кор бо маоши хуб фиреб дода, ба Туркия овардаанд. Дар Узбекистон ба онҳо гуфтаанд, ки дар Туркия ба сифати доя кор хоҳанд кард, вале баъди ба инҷо овардан ҳамаи онҳоро қарздор карда, шиносномаҳояшонро аз дасташон гирифтаанд ва маҷбур кардаанд, ки бо танфурӯшӣ қарзи дар гарданашон боршударо бикананд.

Занони аз асорат озодшударо ба Узбекистон баргардондаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.