«Алфа» Низомиёни Чеченро ба ҷанги Сурия омода мекунад

Низомиҳои баталёни ҳарбии пулиси Чеченистонро пеш аз рафтан ба ҷанги Сурия собиқадорони нерӯҳои махсуси Русия — мисли «Алфа», «Вимпел» ва ғайра таълим додаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба ёвари роҳбари Чеченистон Даниил Мартинов иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Мартинов, идеяи фиристодани баталёни иборат аз чеченҳо ба Сурия ташаббуси вазорати мудофиаи Русия аст. Дар баталён низомиҳои қарордодие хизмат мекунанд, ки дар «нуктаҳои доғ» таҷриба гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, Матинов нагуфт, ки баталёни чеченҳо кай аз ҷанг бармегардад. Аммо манбаи хабаргузорӣ дар вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, баталён 17 март бар хоҳад гашт.

Дар бораи ба Сурия фиристодани ду баталёни «нерӯҳои махсуси Чеченистон» бори аввал ибтидои моҳи декабр хабар паҳн шуд. Мақомоти Чеченистон хабари мазкурро рад карданд. Баъдтар расонаҳо дар бораи ширкати чеченҳо дар ҷанги Сурия далелҳои раднашаванда нашр карданд.

Охири моҳи январ Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон ҳузури чеченҳоро дар Сурия тасдиқ кард. Амалиёти ҷангии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 шуруъ шуд. Москва ширкати низомиҳояшро дар амалиёти заминии Сурия борҳо рад кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *