«Нусхаи Путин” дар Бохтар

Дар хоҷагии коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа марди 77-солае кор мекунад, ки ҳамкоронаш ӯро «нусхаи Путин” ном мебаранд. Абдуназар Неъматов мегӯяд, ҳангоми муҳоҷирати кориаш дар Русия ӯро ягон пулис манъ намекард: «Нусхаи Путин гуфта, ҳатто даст ба сӯи чаккаи сар мебурданд.”

Нашрияи «Хатлон” дар як гузориш бо номи «Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ”дар бораи Абдуназар Неъматов, сокини 77-солаи ноҳияи Бохтар, ки ҳамкоронаш ӯро «нусхаи Путин” меноманд, қисса кардааст.

Ин мард, ки симояш ба президенти Русия Владимир Путин монанд аст, дар хоҷагии коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекунад. Нашрия менависад, «Акаи Абдуназар дарвоқеъ инсони ҳалиму хоксор буда, дар назар шахси одӣ менамояд, аммо суханҳое мегӯяд олӣ ва пурҳикмат.

Абдуназар дар сӯҳбат бо «Хатлон” мегӯяд, вақте Путин дар соли 2000 президенти Русия шуд, ӯ ҳам дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт: «Баъд аз чанд моҳи он ҷо будан В. Путин Президент шуд ва маро «двойник Путин» гуфта, полисҳо дастгир намуда, сад километр дуртар аз ҷойи корам бурданд. Вақте ки садои «двойник Путин»-ро шунидам, дар ҷоям шах шуда мондам. Бо худ мегуфтам, корам тамом, умрам то ин ҷо будааст. Зеро зиёд мешунидам онҳоеро, ки ба президентҳо монанданд, қатл мекунанд. Фикр кардам, ки маро низ мекушанд. Бахтам баландӣ карду дӯсти русзабонам Серёга аз ин ҳол хабардор шуда ба мо расида омад. Ва ба онҳое, ки маро дошта буданд, фаҳмонид, ки ман тоҷик ҳастам. Дар ниҳояти кор ҷавобам доданд. Ва ин сабаб шуду дигар ба ман ҳамин лақаб часпид.”

Аммо ин танҳо мавриди гирифтории акаи Абдуназар барои шабоҳаташ бо Путин будааст:«Дар Уфа вақте пулиси роҳ маро бо мошин манъ мекард, аз шабоҳатам бо Путин ба ҳайрат афтода, ҳатто даст ба чаккаи сар мебурданд ва ҷавобам медоданд.”

Акаи Абдуназарро дар хоҷагии коммуналии Қӯрғонтеппа ҳам аз рӯзи аввали кораш ҳамаи ҳамкорон «Путин” гуфта, садо мекунанд. Абдуназар Неъматов мегӯяд, сахтии бори зиндагӣ маҷбураш кардааст, ки дар ин синни 77 ҳам кор кунад, чунки 3 набераи аз модар ятиммондаро парасторӣ мекунад.

Абдуназар Неъматов 16 апрели соли 1940 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омада ва солҳои 1960-1963 дар пойгоҳи кайҳонии Байконур хидмати ҳарбӣ кардааст. Хидмати акаи Абдуназар дар Байконур дар замоне иттифоқ уфтод, ки рӯзи 12 апрели соли 1961 Юрий Гагарин аз ин пойгоҳ нахустин парвози инсон ба кайҳонро анҷом дод. Абдуназар Неъматов 5 духтар, ду писар ва даҳҳо набера дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *