Алиев Русияро дар суқути ҳавопаймо айбдор кард

Президенти  Озарбойҷон Илҳом Алиев, зимни мулоқот бо аъзои хонаводаи қурбониёни суқути ҳавопаймои ширкати «АЗАЛ» дар Актау, намояндагони Русияро дар ин фоҷиа айбдор кард. Дар ин  бора “BBC Russian” хабар медиҳад.

«Бо итминон метавонам бигӯям, ки масъулияти ҳалокати шаҳрвандони Озарбойҷон дар ин фоҷиаи мудҳиш ба дӯши намояндагони Федератсияи Русия аст.»

Вай таъкид кард, ки Озарбойҷон адолат, шаффофият ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб мекунад. Алиев изҳор дошт, ки ниҳодҳои Русия талош доранд, ин ҳодисаро пинҳон кунанд ва бо пешниҳоди версияҳои «бемаънӣ» ҷомеаро гумроҳ созанд.

Алиев инчунин хабар дод, ки боқимондаи ҳавопаймо бо исрори Боку ба Бразилия, кишвари истеҳсолкунандаи ҳавопаймо, фиристода мешаванд, на ба Кумитаи байнидавлатии авиатсия (КАБ), зеро ба шаффофияти ин ниҳод шубҳа вуҷуд дорад.

Ҳавопаймои ширкати «АЗАЛ», ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, рӯзи 25 декабр дар наздикии Актау суқут кард. Дар натиҷа, 38 нафар ҳалок шуда, 29 мусофир аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурданд.

Баъди ҳодиса, президенти Русия Владимир Путин аз Илҳом Алиев барои ин фоҷиаи рухдода дар фазои Русия узр пурсид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *