Алиризо Қазва: Шоирони тоҷикро дар Эрон кам мешиносанд

Шоир ва пажуҳишгари эронӣ Алиризо Қазва тарғиби адабиёти тоҷикро дар Эрон бисёр муҳим мешуморад. “Шумо ин ҷо 8-9 миллион мухотаб доред, дар Эрон 80 миллион бо ин забон ҳарф мезананд. Бинобар ин, осори тоҷиконро ба ин бозор баровардан ногузир аст”,- мегӯяд ӯ.

Исми донишманд ва шоири эронӣ Алиризо Қазва аз солҳои 90-ум ба ҷомеаи адабии Тоҷикистон ошно аст. Номбурда солиёни зиёд аст, ки ба таҳқиқи адабиёти муосири тоҷик машғул аст. Китобаш “Хуршедҳои гумшуда” (Теҳрон, 1998), ки ба барассии шеъри сад соли охири тоҷик бахшида шудааст, сарусадои зиёдеро ба бор оварда буд. Ӯ ҳамчунин дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Эрон корҳои муҳимеро анҷом додааст. Зимни сафари кӯтоҳе, ки чанде пеш Алиризо Қазва ба Душанбе дошт, бо эшон сарироҳӣ суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.

— Оғои Қазва, Душанберо баъди фосилаҳо чӣ гуна дарёфтед? Зеро ин шаҳр ба шумо бегона нест, балки равобити чандинсола шуморо бо он мепайвандад…

— На танҳо равобит, балки 20 сол қабл муддате дар ин шаҳри зебо иқомат доштам. Чанд соле, ки ин ҷо набудам, шаҳр тағйир ёфтааст. Эҳсоси хушӣ дорам, аз сохтмонҳои нав, боғҳои зебову назаррабо. Вале  ба ман бештар сохтмонҳои фарҳанг, қалби одамон ва андешаву фикри эшон муҳим аст. Муҳим, ки сохтмони руҳи инсонҳо ва донишу бинишашон қавӣ бошад. Аз он ғамгинам, ки дар ин сафар устодоне чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Гулназар, Салимшо Ҳалимшо ва чанде аз дӯстонро намебинам… Солҳо бо ин азизон равуо доштам ва аз суҳбатҳову шеърхониҳояшон лаззат бурдаам. Махсусан, устод Лоиқро дӯст медоштам, ки як шахсияти истисноӣ буданд…

— Аз устод Лоиқ ёдоварӣ кардед. Нигоҳи шумо ба эҷодиёти эшон чӣ гуна аст?

— Мусалламан, Лоиқ бузургтарин шоири тоҷик дар сад соли охир аст. Ман инро бо эътиқод мегӯям. Аз Лоиқ бузургтар ва ҳушёртар дар адаби форсӣ дар ин авохир шоир надорем. Хеле афсӯс мехӯрам, ки мардуми Эрон устод Лоиқро хуб намешиносанд. Вазифаи шумост, ки шеъри эшонро тарғиб кунед. Аз ин бузургвор хотироти зиёд дорам. Бори аввал бо эшон 30 сол қабл вохӯрда будам. Он замон дар рӯзномаи “Иттилоот” масъули саҳифаи “Бишнав аз най” будам. Устодон Лоиқ, Гулрухсор ва Камол Насрулло меҳмони мо шуда буданд. Пас аз ин, дар Душанбе вохӯриву суҳбатҳо доштем. Боре қарор буд, ки бо чархбол ба оромгоҳи устод Рӯдакӣ равем. Ҳаво мусоид нашуд, бинобар ин бо роҳи заминӣ ба сафар баромадем. Раҳораҳ дар бораи шеъри эшон андешаҳоямро гуфтам. Устод мегуфт: “Алиризо, ҳайф, ки мо 20 сол дер во хӯрдем…”.

— Ба андешаи шумо, чӣ омилҳо устод Лоиқро шоири бузург кардаанд?  

— Устод Лоиқ аз суннати адабии гузашта дуруст истифода бурда, дар баробари ин, хеле навҷӯйӣ ва навгӯӣ кардааст. Вақте рубоиву дубайтиашро мехонед, дарк мекунед, ки шеъри ӯ дар либоси суннатӣ низ пешрав аст. Маълум аст, ки ӯ бо адабиёти Эрон ошноии хеле хуб дошт, Нодирпур, Ахавон, Шомлу ва дигаронро хуб медонист. Дар баробари ин Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Фирдавсӣ, Мавлавӣ ва дигар бузургонро фаро гирифта буд. Худаш ҳам одами фавқулодда донишманд буд. Забонаш бо ҷузъиёти латиф пероста буд. Тафаккури миниатурӣ дошт, бинобар ин, корҳояш боназокат буданд. Ҳар шоире наметавонад Лоиқ бошад. Ӯ сабки ҳиндиро хуб хонда, Бедилро дарк кардааст. “Шоҳнома”-ву Фирдавсиро бо ҳама шукуҳу бузургӣ фаро гирифтааст. Далели ин силсилаи шеърҳои “Илҳом аз “Шоҳнома” аст. Вақте “Писари 18-уми Кова”-ро мехонед, дарк мекунед, ки дарди Фирдавсиро, дарди рӯзгори ӯро дарк карда, дарди замонашро дар он ғунҷоиш додааст.

— Аммо гуфтед, ки дар Ватани шумо Лоиқро кам медонанд…

— Мутассифона, зеро эшон тарғиб нашудаанд.

— Феълан, эрониҳо аз шоирони тоҷик киҳоро бештар медонанд?

— Бештар Гулрухсор ва Фарзонаи Хуҷандиро.

— Чӣ бояд кард, ки шоирони моро дар Эрон бишносанд?

— Бояд иртиботи адабиву фарҳангии Тоҷикистон бо Эрон қавӣ бошад. Агар ба осори адабӣ дар Тоҷикистон 8-9 миллион мухотаб бошад, бозори 80-миллионӣ дар Эрон аст. Ин бозорро набояд аз даст дод. Эҷодиёти шоирону олимони шумо дар Эрон харидор пайдо мекунад. Аз Эрон низ дар Тоҷикистон. Зеро мо хизмати як адабиётро мекунем. Бояд дар дабиристонҳои Эрон шеъри Тоҷикистон ва баръакс, дар макотиби Тоҷикистон шеъри Эрон тадрис шавад. Корро аз ҳамин зинаҳо оғоз бояд кард. Ман дар ин самт корҳоеро кардаам. Бо пешниҳоди банда ба китоби дарсии соли аввали дабиристон шеъри “Забони модарӣ”-и Убайд Раҷаб ва ба китоби синфи 3 шеъри “Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст”-и Искандари Хатлонӣ ворид карда шуд. Вале ин хеле кам аст.

— Дар бахши адабиёти донишгоҳҳои Эрон шеъри тоҷик омӯхта мешавад?

— Дар сатҳи зарурӣ не. Чандин китобҳо доир ба шеъри тоҷикӣ нашр шудаанд. Мисол китобҳои Алиасғари Шеърдӯст, Гарморӯдӣ ва банда.  Дар Донишгоҳи Теҳрон доир ба адабиёти тоҷик мақолаҳо нашр мешаванд. Корҳои илмӣ ҳам сурат мегиранд. Ба наздикӣ як рисолаи докторӣ доир ба шеъри Лоиқ навишта шуд. Банда онро хонда, фикрҳоямро гуфтам. Вале ин корҳо андак аст. Эрону Тоҷикистон бояд як муассиса, як ройзании алоҳида таъсис бидиҳанд, ки махсус ба нашр ва таблиғи осори адибони ду кишвар машғул шавад. Он гоҳ муваффақ мешавем.

— Шумо дар ин авохир чанд маҷмӯаи шоирони тоҷикро нашр кардед. Ин дар доираи кадом лоиҳа буд?

— Ин аз ягон лоиҳа набуд. Ман нашри ин китобҳоро бо сармояи худам ва аз рӯйи алоқа анҷом додам.

— Ишқу алоқаи шумо ба адабиёти тоҷик аз куҷост?

— Баъди хатми донишгоҳ пажуҳишамро дар мавриди шеъри тоҷикӣ оғоз кардам. Аввал сириллик ёд гирифтам. Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Мирзо Шукурзода ва Раҳими Мусулмониён он вақт дар Эрон буданд. Ба воситаи инҳо бештар ба адабиёти тоҷик ошно шудам. Вақте ба Ҳиндустон рафтам, каме аз таҳқиқи шеъри тоҷик дур шудам, вале ҳамеша адабиёти тоҷик мавриди алоқаи ман буд.

— Баъди нашри “Хуршедҳои гумшуда” ҳам адабиёти тоҷикро пайгирӣ мекунед? Чӣ дастовардҳо дорад?

— Ман дар ҳамон китоб низ гуфта будам, ки насли наве, ки ба майдони адабиёти тоҷик омад, тозакориҳо мекунад. Воқеан, имрӯз ҷавонон хеле пеш рафтаанд. Шеъри тоҷик феълан шеъри хеле хуб аст.

— Ҳоло масруфи чӣ коред?

— Феълан раиси бахши мусиқӣ, шеър ва суруди садову симои Эрон ҳастам. Масъулияти бахши суруду мусиқии беш аз 100 шабакаи телевизиониву радиоии Эрон ба дӯши ман аст. Кори хеле душвор аст. Ҳоло мусиқии тоҷикро зиёд нашр мекунам. Чун муносибат хуб шуд, кор мекунем…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *