Муъминобод нархи меваро дар кишвар арзон кард!

Дар ноҳияи Муъминобод имсол ҳосили боғу токзорҳо ҳудуди ду баробар афзудааст. Дар ин ноҳия садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуданд, ки ҳосилнокии онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзун гардид. Маҳз ҳосили хуби боғу токзорҳои ин ноҳия нархи меваҷотро дар бозору мағозаҳо арзон кард.

Мисол, агар нархи як кг гелос қаблан 13 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло сокинон онро ба қимати 5 сомонӣ харид мекунанд. Ҳамчунин, нархи як кг олу ҳам аз 8 ба 2,5 ва ҳамин миқдор зардолу аз 4 ба ду сомонӣ арзон шуд. Ба ҷуз аз таъмин намудани талаботи бозорҳои дохилӣ, кишоварзони ноҳияи Муъминобод бо корхонаҳои коркарди мева низ шартнома бастанд. Чанд рӯз пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хабар дод, ки то моҳи май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки дар ин омор нақши деҳқонони Мӯъминобод калон аст. Ба деҳқони Муъминобод фақат дастгирӣ ва таваҷҷуҳ лозим аст. Агар дастгирӣ ёбад, то ҷон дар рамақ дорад, кор мекунад.

Н. ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *