Эпидемияи худкушӣ. Равоншинос лозим, мулло ё милиса?

Вақте барои навиштани ин мақола аз редаксия супориш гирифтам, аввал ба “архиви худкушиҳо”-и худ назар андохтам. Ҳуш аз сарам парид. Дар давоми шаш моҳи соли равон аллакай 17 ҳолати худкушии мардону занону ҷавонон расонаӣ шудааст.

Ноболиғон пешсаф!

Омори худкушӣ дар кишвар нигаронкунанда аст. Онҳое, ки қасди худкушӣ кардаанду наҷоташон додаанд, аз ин ҳисоб берун. Магар инро ба ҷуз эпидемия дигар чиз гуфтан мумкин аст? Аксар вақт сабабгори даст ба ҳаёти худ задану қасди куштан кардан ночиз аст.

Ана, нигаред ба таърихи худкушии духтараке бо исми Додарой Ҷононова, ки ҳамагӣ 17-сола буд ва дар синфи синфи 10-уми мактаби миёнаи №38-и деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ таҳсил мекард. Ба гуфти шоҳидон, дугонаҳои Додарой гӯё бо вай муносибати хуб надоштаанд.

Ё худкушии рӯзи 21-уми июни соли 2022 — як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Борбади ҷамоати деҳоти Гулистонро дар канори шаҳри Леваканд гирем. Бино ба иттилои КҲФ, ин духтар рӯзи 19-уми июн бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳили канали маъруф ба номи “канали Сталин” монда, худро ба об партофтааст. Албатта, агар чуқуртар тадқиқот баранд, боварӣ дорам, ки пешгуфтори ин худкушӣ ҳам ё муҳаббати беҷавоб ва ё ягон сабаби дигарест, ки кирои худкушӣ намекунад.

Ё ин ки, рӯзи 4-уми майи соли 2022 хонандаи синфи 8-уми МТМУ №15-и шаҳри Панҷакент Ардашери Баҳодур баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад. Мақомот баъди дидани наворҳои камераҳои назоратии болои пули мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки ӯ худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон партофтааст. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд. Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад. Аммо пешакӣ мегӯям, ки чун хонандаи синфи 8 аст ва ба қавли биологҳо, ин давраи гузариши синнусолӣ мебошад, сабаби ин куштор низ ягон баҳонаи ночиз аст. Дар маҷмуъ, танҳо худкушии қаҳрамононе, ки маргро аз асир афтодан ба дасти душман авло медонанд, лоиқи таҳсин аст ва агар он ҳам аз ноилоҷӣ бошад. Дигар ягон хел худкуширо сафед кардан имкон надорад ва дар шариати ислом низ худкушро сахт маҳкум мекунанд ва ҳатто хондани ҷанозаи онҳоро нодуруст меҳисобанд.

Қарз боиси худкушӣ

Агар ба рӯйхати нокомили худкушиҳои имсола диққат диҳем, мебинем, ки аксарашон занҳои ҷавон ва духтарони ноболиғ ҳастанд. Аммо мардон низ истисно набуда, сабабгори асосии худкушии онҳо норасоӣ дар зиндагӣ ва ё ягон камбудии дигари иқтисодист.

Масалан, раиси ноҳияи Шаҳритус мегӯяд: “Сабаби худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкушӣ заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дастхат навиштааст ва дар дастхат низ гуфтааст, ки сабаби ба худкушӣ заданаш мушкили оилавияш мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти тасдиқнашуда, марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз як филиали бонк дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.

Бояд зикр намуд, ки солҳои қаблӣ низ яке аз сабабҳои асосии худкушии мардон — ин зери қарз мондани онҳо буд. Вале ин мардҳои худкуш шояд намедонистанд, ки гуфтаанд: “Қарзам дар зоғ бошаду зоғ зинда бошад…”. Зеро одами зинда қарзро дер ё зуд бармегардонад, вале мурда на танҳо худро аз ҳаёт маҳрум мекунад, балки наздикону фарзандонро зери бори қарзи худ мемонад. Мард бояд ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоқат кунад ва чунин мардони худкушро пас аз маргашон низ мазаммат кардан ҷоиз аст, то ки ба дигарон ибрат шавад. Аммо танҳо бо мазаммат кор буд намешавад ва бояд ҳоло барои пешгирии ин эпидемия чораҳои ҷиддитар дид, то ки он ба пандимея табдил наёбад.

Қазияи Фатҳӣ Фатҳиев

Аммо то ҷое маълумамон шуд, дар хориҷа низ сафи худкушҳои мо афзоиш меёбад. Аз ҷумла, дар расонаҳо аз марги Фатҳӣ Фатҳиев, ки рузи 3-юми июли соли 2022 дар деҳаи Рукнободи ҷамоати Воруи Панҷакент ба хок супорида шуд, хабар дода мешавад. Фатҳӣ донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд ва ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди анҷоми дарсҳову имтиҳонҳои имсола ба Русия, ба назди акои муҳоҷираш рафта буд, то ки пули соли ояндаи таҳсилашро кор кунад.

Пас, чӣ бояд кард, то одамон аз бузургтарин неъмате, ки Худованд ба онҳо додааст, яъне зиндагӣ маҳрум нагарданд? Барои ин барномаи сартосарии таъсирбахше лозим аст, ки он аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбад. Албатта чунин барнома вуҷуд дорад, вале он хеле камтаъсир аст. Зеро танҳо бо “дорем” ин мушкилот ҳал намегардад. Барои ин дар кор ба мактабҳо равоншиносони соҳибмаълумотро ҷалб бояд намуд, ки онҳо ба дили хонандагони синфҳои болоӣ, аз синфи 8 сар карда, роҳ ёфта тавонанд ва ноболиғон бо мушкилоти худ маҳз ба онҳо муроҷиат намуда, маслиҳат гиранд. Барои калонсолон низ чунин телефонҳои боварии дастрас зарур аст. Гумон мекунед, ин як гапи ҳавоист ва танҳо шиор асту халос? Пас ба таҷрибаи давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, кишварҳои аврупоӣ назар андозед. Дар як худи Швейтсария ва Дания ҳамасола бо чунин роҳ пеши марги ҳазорон нафари аз ҳаёт безоршуда гирифта мешавад. Зеро онҳо чунин барномаҳоро солҳои зиёд таҷриба кардаанд ва иҷроиши онро зери назорати доимӣ қарор додаанд. Дар мо мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар як сол тақрибан 600 нафар ба ҷони худ қасд мекунанд, ки ин барои як кишвари хурде чун Тоҷикистон хеле зиёд аст. Агар мо ақаллан нисфи онҳоро аз ин раъйи худ баргардонем, даҳҳо оиларо аз ғаму андуҳе, ки онҳо сазовор нестанд, халос мекунем. Агар чуқур андеша кунем, дар мо чунин имконият бештар аст, зеро аксари аҳолии кишвари мо мусалмонанд ва Ислом, тавре гуфтем, қотеона зидди худкушӣ аст. Аммо танҳо дини Ислом, вале на ҳамеша муллоҳои мо. Аз домуллоҳо узр мехоҳам, вале дар амрҳои маъруфи масҷидҳои калон боре ҳам амри маъруфро дар мавриди ҳаром будани худкушӣ нашунидаам.

Агар мо аз чунин фишанги таъсирбахш истифода набарем, на Худо мебахшаду на бандаҳои бо худкушӣ худро гунаҳгорнамуда ва ин равандро решакан кардан ғайриимкон аст.  

А. АҲМАДЗОДА, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *