Алишер “гив” ва “конкурс”-ҳоро дар филмаш танқид кард
Алишер Равшанов — ҳунарманд ва коргардони ҷавони тоҷик филми навашро бо номи “Муродҷон” дар “Ютуб” пахш кард.
Сужаи “Муродҷон” ба мазмуни силсилафилми “Меҳмони нохонда”, ки муаллиф ҳамроҳи Дӯстмурод Шарипов таҳия карда буд, монанд аст. Яъне, барои муваққатан шавҳари духтари сарватманде шудан қаҳрамони филмро истифода мебаранд.
Нуқтаи ҷолиб ва гӯяндаи мушкили имрӯз дар филм он аст, ки бархе духтарони ба қавле “замонавӣ” бо нияти даҳони аҳли оила ва хешовандонро бастан кӯшиш мекунанд, ки як маротиба ба шавҳар бароянд ва пасон чӣ тавре ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанд. Ин мушкили рӯзро дар филми “Муродҷон” дидан мумкин аст ва бисёр самимӣ.
Дар филм дида мешавад, ки муаллиф аз забони қаҳрамон нафареро, ки ба барпо кардани тӯйҳои сохта машғул аст, сарзаниш карда, зидди корҳояш мешавад. Ҳамчунин, ӯ ба бархе блогерони мо ишора карда, мегӯяд, ки “иқа билетро мефурӯшед ва мегӯяд, ки фалон мошинро бурд мекунед, ҳаром аст ва беҳтар аст, ки аз роҳи росту ҳалол зиндагиро пеш баред”. Ҳарчанд филм оҳанги ҳаҷв дошта бошад ҳам, то андозае гӯяндаи мушкилоти имрӯзи мост. Мушкили фикрронии бархе ҷавондухтарони мо, мушкили фиребу найранги корбарони интернет, мушкили бозиҳои пасипардагии “гив” ва “конкурс”-ҳои ба ном блогерони мо.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ