Алишер Солиевро бо 1900 доллар пора доштанд
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки сармуҳосиби Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати маориф ва илм Алишер Солиевро ҳангоми гирифтани 1900 доллар пора аз як довталаб дастгир кардааст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 июл хабар дод, ки Алишер Солиев, сармуҳосиби муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и вазорати маориф ва илм бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуда, ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, Алишер Солиев «барои дохил намудани шаҳрванд «А” ба факултети информатикаи Донишкадаи миллии Ҷумҳурии Мардовияи Федератсияи Россия ба сифати пора маблағи 1900 доллари ИМА талаб намудааст.”
Аммо шаҳрванд «А” аз ин муомила ба Агентии мубориза бо коррупсия хабар додааст ва дар натиҷа сармуҳосиби «Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и вазорати маориф «ҳангоми аз шаҳрванд «А” гирифтани маблағи 1900 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”
Ба зидди Алишер Солиев бар асоси қисми аввали моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ