Соро Муҳаммадӣ Ардаҳолӣ- Эрон

Ногурез  

Ҳар аз чанде навиштанро раҳо мекунам,

Ба ангуштонам хира мешавам.

Мегуфтӣ занони зебо озорат медиҳанд,

Ва ҳар ангушти ман зане зебост.

Ки  оромат мекунад.

Ба ҳар ангуштам, ки нигоҳ мекунам,

Ёди зане зебо меафтам.

Ки аз дасташ гурезе надорӣ!

Механдам,

Ва навиштани достони туро аз сар мегирам.

***

Ситораи ман

Охирҳои шаб,

Аз оина берун меояд.

Шонаҳо ва камарамро навозиш мекунад.

Дастҳоямро мебӯсад,

Даричаҳои қалбамро мезанад.

Бандҳоямро иваз мекунад,

Мегӯяд,

Қавӣ бош.

Ва ман,

Пеш аз он ки,

Ба сураташ нигоҳ кунам,

Ба хоб меравам,

Ором.

***

 Орзу  

Дилам мард мехоҳад,

Нобино хатти брайл бидонад.

Фасл ба фасл,

Танамро бихонад.

Бозиҳои адабиамро кашф кунад,

Дасташро бигирам.

Бозу ба бозу,

Дунёро барояш таъриф кунам.

Чашмаш шавам,

Асояш,

Ва тамоми зиштиҳои ҷаҳонро,

Барои ӯ,

Аз қалам биандозам.

سارا محمدی اردهالی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *