Алишер Усмонов Навалнийро ба суд медиҳад

Алишер Усмонов олигархи  Русия гуфтааст, ки қасд дорад, Алексей Навалний, яке аз мухолифини Путинро ба суд медиҳад.

Ин тасмимро Усмонов дар пайи як интиқод Навалний аз ӯ гирифтааст. Дар робита ба ин Усмонов ба  ТАСС мегӯяд: «Навалний  бо туҳмату буҳтон шаъну шарафи маро паст задааст. Ӯ одамонро ба гумроҳӣ меандозад ва далелаш туҳмат аст. Ман муддати хеле зиёд ба изҳоротҳои дуруғини ӯ аҳамият намедодам, то барояш пиар нашавад, аммо бо туҳматномаҳои ахираш, ки маро дар анҷом додани ҷиноят муттаҳам кард, хатти қирмизро убур намуд. Дар ин робита Навалнийро ба додгоҳ мекашам ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунам”

 Ёдовар мешавем, ки ибтидои моҳи март  Фонди мубориза бо фасоди Навалний таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар истифодаи хазинаҳои хайриявӣ муттаҳам мешуд. Дар он таъкид мешуд, ки ҳамсабақи Медведев Иля Елисеев ва фонди марбут ба ӯ – “Соцгоспроект” аз Алишер Усманов дар рустои Знаменск қитъаи замин ва хонаҳои гаронарзишро соҳиб шудааст.

Баъди ин изҳороти Навалний ҳазорон нафар эътирозгаронро ба кӯчаҳо рехт . Худи  Навалнийро рӯзи 26 март ҳангоми эътирози ҳазорон нафар алайҳи коррупсия дар пойтахти Русия аз сӯи пулис боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав баъди як рӯз ӯро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 15 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *