Эътироф зери шиканҷа ҳақиқат дорад ё на?

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ хостааст, ки даъвои эҳтимоли шиканҷа шудани се сокини ноҳияи Ёвон аз тарафи чаҳор корманди пулисро расидагӣ кунад. Шикояти марбут ба эҳтимоли шиканҷа шудани гумонбарон рӯзи 7 апрел дар ҷараёни мурофиаи се сокини ноҳияи Ёвон ба додгоҳ ироа шудааст.

Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликов – сокинони ноҳияи Ёвон – тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ, яъне «ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ» муттаҳам дониста мешаванд, ки ба мӯҳлати то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин афрод рӯзи 7 апрел ба додрас гуфтаанд, ки ҷараёни тафтишу баррасии қазияи онҳо бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.

Ин се гумонбар аз додрас хостаанд, шикояти шиканҷа шудани онҳоро ҷиддӣ гирифта, чаҳор ходими пулиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Шарифҷон Сайдалиев, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфтааст, ба хотири расидагӣ ба ин қазия додситониро муваззаф кардааст. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур шиканҷа шудани гумонбарони ҷинояти марбут ба маводи мухаддирро комилан рад карда ва бепояву асос хонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *